Главная / Илм / КИСТАИ ДАНДОН

КИСТАИ ДАНДОН

kistai-dandonКИСТАИ ДАНДОН, ташкилаи омосмонанде, ки дар бофтаи устухони чог бинобар бемори ё нукси инкишофи дандонхо ба вучуд меояд. Аз чилди сахти фибрози иборат буда, аз дарун бо эпителия фаро гирифта шудааст; фазои К. д. бо моеъи зардоби (холестерини бисёр дорад) пур мебошад.
К. д. ду навъ – наздрешаи ва наздгилофаки мешавад. К. д.-и наздрешаи бинобар илтихоби музмин аз гранулёмаи дандон ташаккул меёбад. К. д.-и наздгилофаки аз бофтахои чанини дандон ба вучуд омада, асосан дар мавзеи гилофаки дандони хануз набаромада пайдо мешавад.
Аломатхои болинии К. д., одатан, муддати зиёд аз худ дарак намедиханд. Дар мавриди калон шудани киста (кутраш 3 – 4 см) чог варам карда, руй андаке кач мешавад. Девораи устухонии киста тунук шуда, хангоми ламс кардан садои «пергаменти» мебарорад. Бисёр вакт К. д. фасод пайдо карда, ба носур табдил меёбад (аз он фасод хорич мешавад). Яке аз аломатхои кистаи наздгилофаки дар катори дандонхо набудани дандон аст. Дар чоги боло ё чавфи бини инкишоф ёфтани К. д. бисёр вакт ноаён сурат мегирад.
К. д.-ро дар асоси маълумоти рентгенологи ташхис мекунанд. Муоличаи он бо рохи чаррохи амали мегардад. Кистахои хурд (кутрашон то 8 мм)-ро бо дору табобат кардан мумкин аст. Дар сурати дуруст муолича намудан, бемори нек анчом мепазирад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …