Главная / Гуногун / КИССАХО АЗ «ДУРР-ул МАЧОЛИС»

КИССАХО АЗ «ДУРР-ул МАЧОЛИС»

Сабаби чунон унвон гирифтани китоб ба акидаи тахиягари он ин будаст, ки «Сайф Зафари Бухорои, ки умре дар мачлиси соликони дини худованди таъоло аз Куръон маъонии (маънихои) бисёр иктибос намуда ва ба тавфики Худои таъоло чамъ оварда, ин китобро «Дурр-ул-мачолис» ном карда шуд, ки толибе ва дардманде, ки ба мутолаъаи у бикшояд ва дар шунидани авсофи поки эшон чони у биосояд ва дар он хол мискинро ба фотиха мадад намояд, то афви гунохон гардад ва ин китоб муштамил аст ба сиюсе боб…»

Ин китоб чуъкиссахо аз панду хикмат иборат Буда, инсонро ба адлу инсоф, неки кардан ба мардум, даст кашидан аз хислатхои бади инсони, дуруггуи, кибру гурур, беадолати, беинсофи ва гайра даъват менамояд.

Чанд порчаеро барои мутолиаи шумо пешниход менамоем. 

Дар манкабати амирулмуъминин имом Хасан ва Хусейн алайхимоссалом ва

салавотуллохи алайхимо ва он чи мутаалик аст бадон /Дуррулмачолис/

arabho

Оварданд, ки Муъовия дар чахон намонд, хилофат Язид гирифт ва он бадбахтро дар хотир афтод, ки Хасану Хусейн разияллоху анхуморо ба макр аз миён дур кунам ва куввати эшон бишиканам. Аврати золеро бар зани амирумуъминин имом Хасан фиристод ва гуфт: «Бирав, пайгоми ман бар зани Хасан бирасон ва бигу: давлати фарзандони Али ба охир расид ва имруз давлат ба ман аст. Хасанро аз худ дур кун, то ман туро дар никох дарорам ва мукаррами харами ман ту боши».

Он нодони рузгор ба ин фиреб магрур гашт. Дар он руз гармо сахт буд, дар вакти ифтори руза дар кадах захр таъбия кард, пеши амирулмуъминин имом Хасан биовард ва амирулмуъминин Хасан онро бихурд, ба мучарради хурдан захр дар кор шуд. Хафтод паркандаз чигар биафтод ва хун аз халк мерафт. Он гох гуфт: «Бародарам Хусайнро наздики ман биёред». Чун амирулмуъминин Хусайн /р/ биёмад ва холати бародар дигар бидид, гирён шуд ва гуфт: «Эй бародар, ин макр ба ту ки кард?» Гуфт: «Бародар, Биё канор гирем. Ман аз он хонадон наям, ки гаммози кунам. Хукми худой дар хакки ман бад-ин рафта буд, бад-он пайваст. Акнун ба ту васияти ман ин аст, дустию шафкат аз фарзандони ман боз надори, ки ятимон дилшикаста бошанд.

Ва баъд накли маро дар равзаи чаддам баред, то баракати пайгамбари худои таъоло бар ман рахмат кунад».баъд чанд сухани дигар гуфту калима бар забон рондва чон ба Хактаъоло супурд. Ва шур дар Мадина бархост, ки ёдгори Пайгамбар алайхиссалом аз мо бирафт.чун барои чаноза рафтанд, як поя Хусайн биги рифт ва пояи дигар Мухаммади Ханафия бигирифт. Хостанд, ки ба хазири Пайгамбар баранд.

Язиди бадбахт сари рохи амири Мадина гирифт ва гуфт, ки нахохам Хасанро дар хазир дафн кунед. Касони амир даромаданд ва гуфтанд: «Мо рахо намекунем, ки Хасанро дар хазираи расул алайхассалом дароред». Хусайн ибни Али хост, то бар эшон чанг кунад. Абдуллохи Масъуд даромад ва гуфт «Эй ёдгори Пайгамбар /с/, душманон касди ту карданд, набояд, ки офате падид ояд. Амирулмуъминин Хасан хар кучо, ки дафн хоханд кард, рахмати худой бо вай аст». Он гох, ба гуристони гариб супурданд. Баъдаху зани амирулмуъминин Хасан бар Язид гуфта фиристод: «Маро дар никох чаро намедарори?» Язид гуфт: «Ба фарзанди пайгамбар вафо накарди, бо ман низ накуни». Он нодон хам шохзодаро ба бод дод ва хам ба максад нарасид.

Дуввум карат адоват бар амирулмуъмининиХусайн баргирифт, аз чихати зан карда буд.

Оварданд, рузе Муъовия бар Язид агоз кард, ки ман чунин ранч ва машаккат дидам ва хилофат бар даст овардам аз бахри ту. Ак-Нун, эй фарзанд, хеч рагбате ва орзуе дар хотир дори, ки онро бар ту расонам. Гуфт: «Эй падар, Абдуллох ибни Зубайр зани сохибчамол дорад, ки дар ин шахр ба чамоли он зан хеч намерасад ва орзуи ман он аст, ки у маро бошад». Рузи дигар Муъовия Абдуллох ибни Зубайрро бихонд ва хилват бикард. Он гох гуфт, ки «ту писари аммаи Пайгамбар хасти. Дар хакки ту мехохам, ки лутф кунам. Духтар ба ту бидихам ва вилояти Миср хаволаи ту кунам». Абдуллох ибни Зубайрро бад-он чизхо фирефта карда, рох бибурд.

То рузи дигар уро бихонд ва гуфт: «Духтари ман мегуяд ман чамол надорам ва Абдуллох зани саохибчамол дорад. У агар уро бигузорад ва ман дар никохи у дароям». Абдуллох ибни Зубайдарро рагбати вилояти Миср буд, филхол занро талок гуфт. Баъд аз он Муъовия абдуллохро духтар надод. Чун аз ва йшунид, дилтанг бозгашт. Баъд Муъовия Мусои Ашъариро талаб фармуд. У гуфт: «Ман туро бахри ин хондаам, ки бар зани Абдуллох бирав ва уро ба чихати писари ман

Язид бихох!» Абумусои Ашъари тарафи хонаи у равон шуд. Дар аснои рох Косим ибни Аббос мулокот гашт, гуфт: «Кучо мерави?» Мусои Ашъари гуфт: «Пайгоми Муъовия ба чихати Язид бар зани Абдуллох мебарам».

Гуфт: «У агар кабул накунад, пайгоми ман бигузарони». Пештар шуд ва бо амирулмуъминин Хусайн ибни Али мулокот шуд. Имом Хусайн пурсид: ки «ё Мусо кучо мерави?» Гуфт: «Пайгом аз чихати Язид ва пайгоми Косим ибни Аббос бар зани Абдуллох мебарам». Шохзода гуфт: «Пайгоми ман хам бигуй».

Алгараз, наздики он зан Мусои Ашъари бирасид, дар чамоли у назар кард, худ хам аз даст бишуд. Он гох гуфт: «Чахор пайгом овардам». Зан гуфт: «Хар чахор бигуй». Аввал пайгоми худ бигуфт, баъд пайгоми Язид гуфт, баъд пайгоми Косим ва баъд пайгоми хазрати Хусайн гуфт. Он аврат огоз кард: «Ман чавон, ту пири. Бо ту рост наояд, боки маслихати хар се нафар ба дасти ту додам, ба хар ки бигуй, бигу. Мусои Ашъари гуфт: «Агар вилоят ва мулк хохи, Язидро бихох ва агар чамолу асл хохи, Косим ибни Аббосро бихох. Агар дунёву охират хохи, Хусайн ибни Алиро бихох».

Дар ин замон ин аврат гуфт: «Никохи ман бар Хусайн ибни Али бихон, то тамаъи дигарон аз ман бурида гардад ва ман дар хонадони Пайгамбар саллаллоху алайхи ва саллам дароям». Баъди никох Мусои Ашъари барои муъовия бирафт ва ин кайфият бигуфт. Муъовия огоз кард: «Эй Мусо, ман уро ба хила аз Абдуллох ибни Зубайр рахо кунонида Будам, ту ба як соат кор зеру забар карди». Язид ин хабар шунид, савганд бихурд: Хар гох ки мулк баъд аз падар маро даст дихад, намонам, то сари Хусайн чудо накунам.

Хамон кард. Пайгамбар саллалоху алайхи ва салламро бар худ хасм гардонид. У ки буд, ки инхо кунад, аммо хукми Худои таъоло бад-ин рафта буд…

Рузе Пайгамбар /с/ нишаста буд, ки Муъовия ба хидмати Пайгамбар алайхиссалом омад, он гох фармуд, ки аз пушти ту фарзанде пайдо шавад, ки у кушандаи фарзандони ман бошад. Муъовия гуфт: «Ё пайгамбари ман, дар чахон хеч писаре надорамва баъд аз ин савганд мехурам, ки гирди аврат нагардам, то маро хеч фарзанде нашавад, ки бо фарзандони пайгамбар чунин бикунад. То шабе Муъовия аз хобгох хост, то бавл кунад. Баъди бавл истинчо ба девор мекард ва дар девор каждум буд, сари олати Муъовияро неш зад ва аз он дард Муъовия карор надошт, то бар хукамои вакт ин кайфият бигуяд. Хукамо гуфтанд: «Наздикии аврат бояд кард, то захри олат рехта гардад, наку шави». Муъовия дар хона расид ва ба модари Язид наздики кард. Хам дар он соат Язиди лаъин дар шиками модар карор гирифт.

То бидони, ки хукми Худои таъоло расид ва балохо насиби дутон гаштааст.

Пайгамбари моаз хама дустони наздики Аллох таъоло дусттар аст, балохо насиби пайгамбар буд, дар дунё кам хушдили доштанд ва аз чихати куффор чи ранчхо бар тани муборак расида. Ва аз чихати амирулмуъминин Хасан чанд карат шод буданд, хам аз он замон ба нохуши бадал карданд. Ва муъминро бояд, ки дар мутобаъа Пайгамбар /с/ хушдил набошад. Чанд карат аз чихати амирулмуъминин Хусайн хушии Пайгамбар ба нохуши мубаддал гашт. Чунон ки чун рузи таваллуди амирулмуъминин Хусайн шуд, хабар карданд: «Ё расулуллох, дар хонаи духтари шумо писар таввалуд шудааст.

Пайгамбар бархост ва дар хонаи духтар биёмад. Амирулмуъминин Хусайнро дар канор гирифт ва дар гуш бонги намоз бигуфт. Фариштагон аз Худои таъоло рухсат хостанд ва аз чихати муборакбоди бари Мухаммад саллаллоху алайхи ва саллам биёмаданд. Фаришта ба бозуи Чабраил нишаста, наздики Пайгамбар расид, нигох дар вай бикард,хар ду бозуи фаришта сухта аст. Ва Пайгамбар пурсид: «Эй бародарам Чабраил, хикмат чист ин фариштаро дар бозуи худ нишондаи?» Гуфт: «Ё набияллох, ин фаришта дар чомеъи умри худ дар фармони Худои таъоло таксире карда буд. Аз шуъмати он хар ду бозу сухта гаштанд. Акнун аз Худои таъоло илтимос кардааст, то шуморо муборак кунад. Фармон шуд, ки Мухаммад алайхиссалом бирав ва бигу хар ду дасти Хусайн дар бозуи ин фаришта фуруд ор, то ба баракати дастхои Хусейн хар ду бозуи фаришта неку шаванд. Чун хар ду дасти Хусайн ба харду бозуи фаришта фуруд овард хар ду бозу неку гашт ва дар замон Фаришта парид.

Пайгамбар шодмон гашт. Руй дар руи Чабраил кард. Уро гамнок гашта бидид, пурсид: «Эй Чабраил, чаро андухгин менамои?» Гуфт: «Ё Пайгамбар, ин фаришта, ки дар хаво шудааст, ба чуз як карат ба дунё наояд. Он руз, ки фарзанди туро бикушанд ва сар аз тан чудо кунанд, он гох илтимос кунад: «Ё раб, маро ба дунё фирист, то мо хам ба сари турбат биравем». Чун Пайгамбар ин суханро аз Чабраил шунид, дар хуши нохуши шуд. Дуввум карат мехтар Чабраил ба хидмати Расул алайхиссалом буд, мехтар Чабраилро дар назар Хусайн даромад, аз канори Расул бархост ва дар канори мехтар Чабраил бинишаст ва чониби хар ду остини мехтар Чабраил медид. Расул алайхиссалом бар Чабраил гуфт: «Эй бародар Чабраил, ту наздики ман ба сурати Дихяи Калби меои ва Дихяи Калби, хар бор ки ба ман меояд, ба чихати он чизе меорад, баъд-ин хаёл остини ту мебинад. Чабраил гуфт:

«Пас ман хам биравам, чизе мева аз бихишт биёрам». Чабраил аз Худо илтимос кард ва анор ба даст биоварданд аз бихишт ва ба дасти Хусайн алайхиссалом бидод, Хусайн онро бихурд ва дили Пайгамбар шод шуд.

Чабраил гуфт: «Ё набияллох, Хусайнро дуст медори?» Гуфт: «Бале, ё ахи Чабраил, фарзандони мо чигаргушахои мо хастанд». Риштаи сурх бар гардани Хусайн баста буданд, аз он хати сурх дар гардани Хусайн зохир шуда буд. Чабраил ба он хат менигарист ва сари худ мечунбонид. Мехтари олам гуфт: «Эй Чабраил дар гардани Хусайни ман чи менигари?» Гуфт: «Ё набияллох, рузе бошад, ки дар дашти Карбало дар ин хат шамшер равад».

Мехтари Сайди олам чун ин хабар шунид, нохуш ва гирёнтар гардид. Дигар, Пайгамбар алайхиссалом аз намози ид бозгашт, дар хонаи Фотима омад, дид Фотима гамгин шуда, об аз дида мерехт ва Расул фармуд:

«Чаро об аз дида карди?» Гуфт6 «Ё пайгамбари Худо , имруз ид аст ва чомаи Хасану Хусайн кухна шудаанд. Эшонро хотир карор намебинам, об аз дида меояд». Расул салаллоху алайхи васаллам гуфт: «Ё Фомита, дар хучраи худ дарой ва хар чи бини онро берун ор». Фотима гуфт: «Ё падари ман, дар хучраи ман чизе нест». Расул алайхиссалом гуфт: «Маро Чабраил хабар додааст ». Фотима дар хучра даромад, табаке дид симин ва хуллаи зарин бар он нихода.Фотима онро пеши Расул алайхиссалом ниход. Пайгамбар дид, дар миёни он табак хулла аст, якеро ба Хасан дод ва дуввумро ба Хусейн. Эшон гуфтанд: «Моро рангин мебояд ». Пайгамбар гуфт: «Ё Фотима, кадре бо биёр». Фотима разияллоху анхо об биёвард. Пайгамбар хар ду хулла дар об бикард. Аз Хасан пурсид: «Туро чи ранг мебояд?» Ва аз Хусейн пурсид:

«Туро чи ранг мебояд?» Хасан гуфт: «Маро сабзранг мебояд». Ва Хусейн гуфт: «Маро сурхранг мебояд». Ва даст аз об берун кашид, чомаи сабз ба Хасан дод ва дуввум карат дасти муборак дар об бикард, чомаи сурх берун омад, онро ба Хусайн дод. Хар ду бародарон пушиданд. Чомаи неку зебо буданд. Мехтари олам дар руи эшон медид ва шодмон гашта буд.

Мехтар Чабраил алайхиссалом гуфт: «Эй Мухаммад салаллоху алайхи ва саллам. Чунончи чомаи сабз дар Тани амирулмуъминин Хасан аст, аз захр додан чумла андом сабз шавад. Чунончи, ин чомаи лаъл дар Тани амирулмуъминин Хусайн аст, ба хуни халк, чумла андом сурх шавад». Чун ин бишунид аз мехтар Чабраил алайхиссалом пурсид: «Кушандагони фарзандони ман киён бошанд?» Чабраил гуфт: «Ё набияллох, умматони ту бошанд». Пайгамбар гуфт: «Ман хаёт бошам ё на?» Гуфт: «Набоши». Гуфт: «Модару падар адар хаёт бошанд?» Гуфт: «Набошанд». Пайгамбар гуфт:

«Таъзияти гарибони ман ки дорад?» Гуфт: «Чонварони биёбон ва мургони хаво мотами эшон доранд ва умматони вафодори ту хар сол, ки ошуро ояд, зор-зор бигирянд ва мувофикати хазрат руза доранд».

Алгараз, чун Муъовия аз дунё бирафт, Язиди лаъини бадбахти дузахи ба чои падар амир шуд, нома ба Мадина суи Валид фиристод, ки Хусайнро дар байъати ман бихох. Нома бар даст гирифт, дар масчиди пайгамбар даромад, нома пеши амирулмуъминин Хусайн ниход. Амирулмуъминин Хусайн он бихонд ва дар хашм даромад ва гуфт: «Ман дар байъати у чи гунна дароям, у ахли дузах аст». Боз мактуби дигар ба Валид бо итоб фиристод:

«Хар гох ки ин нома ба ту рассад, чунон куни, ки сари амирулмуъминин Хусайн чудо гардони ва наздики ман бифиристи». Валидро итоби Язид муккарар шуд, ки Хусайнро халок кунад. Амирулмуъминин бар Валид гуфт: «Дар куштани ман тадбир чи карди? Чадди ман маро хабар кардааст, ки Язиди лаъин ахли нор аст». Он гох Валид гуфт: «Шуморо ин шахр бояд гузошт». Хам дар ин буданд, номае аз Куфа ба суи Хусайн расид. «Чунон кунед, ки бар мо биёяд, то ба ту байъат кунем ва туро аз дилу чон ёри дихем».

Чун ин нома бихонд, наздики Чадда Умм Салама биёмад, гуфт: «Эй модари ман, дар хакки ман чи савоб бини? Душманон касди куштани ман

кардаанд, агар маслихат дони, бигу». Умм Салама гуфт: «Эй писар, туро

маълум нест, ки шахид шудани ту бад-он замин хохад буд, ки

Хак таъоло он замин ба хуни фарзандони ту каромат кардааст». Пас Умм

Салама бархост ва дар хучра даромад ва шиша берун кашид ва чандон

гирист, ки бехуш шуд. Амирулмуъминин гуфт: «Эй модар, чи диди, ки

чандин мегирйи?» Гуфт: «Эй фарзанд, ту хурд буди ва дар канори сайиди

олам бози мекарди, хам дар он соат мехтар Чабраил дар расид, хоки замини

дашти Карбало овард ва гуфт: «Хар замон, ки ин ба ранги хун шуд, хамон замон бидонед, шаходати Хусайн наздик расид. Хазрати Мустафо он хокро ба ман дод ва худ ба мехтар Чабраил машгул шуд. Чун аз Чабраил фориг шуд, туро аз замин гирифта ба руи ту буса медод ва мехтар Чабраил пурсид: «Ё расул, ин фарзандро дуст медори?» Пайгамбар гуфт: «Ё ахи Чабраил, дуст медорам». Гуфт: «Умматони ту инро чунон бикушанд, ки кассоб гусфандро кушад. Дигар,агар бигуи, хоки он замин хам биёрам, ки дар он Хусайни ту кушта хохад шуд».

Пас Чабраил дар дашти Карбало бирафт ва кадре хок биёвард ва ба дасти мехтар олам алайхиссалом бидод ва гуфт: «Хар гох ки ин чо ба ранги хун шавад, куштани Хусайн наздик расад». Пас, Хоча маро бихонду гуфт: «Умм Салама, ин хокро дар шиша нигох куни, хар гох, ки хок дар шиша ранги хун шавад, бидони, ки шаходати Хусайн кариб расид». Ва имруз дар шиша нигох кардам. Хок дар шиша ба назари ман ба ранги хун омад. . Амирулмуъминин Хусайн чун ин шунид, гирён аз хона беру номад ва равзаи расул алайхиссалом бирафту зиёрат бикард. Он гох бигуфт, ки: «Эй чадди ман, умматони ту касди куштани ман кардаанд». Ва равзаро дар канор гирифту дар хок рафт, чамоли чахонорои чадд дар хоб дид.

Фариштагон Чабраил Микоилу Исрофил алайхимуссалом наздики пайгамбар хозир омаданд ва Сайиди олам Хусейнро дар канор гирифт ва мегуфт: «Эй чигаргуша, медонам, ки душманонро он чи дар хакки ту андеша аст ва эшонро фардои киёмат аз шафоати ман насиб нест ва туро наздики Хак таъоло дарачаи шаходат додаанд, то бад-он нараси, шахид наварзи.

Дигар, эй фарзанд, бихишт аз бахри омадани ту биоростанд ва бародару падари ту бар хон мунтазири омадани туанд. Бар ин каромати абади нараси, то шарбати шаходат начаши».

Пайгамбар алайхиссалом даст аз миён бардошт ва дуъо кард: «Бор худоё, Хусайни маро дар сабр бидор ва савобаш азим бидех». Дар замон аз хоб бедор шуда, ба ахли байт ин хоб гуфт,чумла дар гиря шуданд, зеро ки Расул алайхиссаломро хамин фарзанд ёдгор монда буд. Боз куфиён номаи дигар фиристоданд, ки чунин кунед, ки дархол ва Замон биёед. . Амирулмуъминин Хусейн Муслим ибни Акилро ба Куфа номзад карданд. Язиди лаъинро хабар шуд, то Муслим ибни Акилро хам дар рох бигиранд ва халок карданд. Ин хабар ба . Амирулмуъминин Хусейн расид, то ба ахли байти худ рохи Куфа гирифт. Язиди бадбахт шунид, ки ба Куфа омад. Абдуллохро бо дувоздах хазор нафар савор кард, то оби Фуротро

бигиранд. Чун . амирулмуъминин Хусейн дар оби Фурот расид, пурсид: «Ин кадом замин аст?» Гуфтанд: «Ин заминро дашти Карбало мегуянд». Ва дар замон модауштури . амирулмуъминин Хусейн дар он бинишаст, харчанд ки амирулмуъминин модауштурро ронд, ба у чавоб гуфт: «Эй ёрон, бидонед, ки дар ин замин шаходат хохад шуд». Аз ёрон яке ба чихати хайма чубе буррид, чун табар бар дарахт зад, хун берун омадан гирифт, ба хар дарахте, ки табар мезади, хун чори гашти. Ба хидмати . амирулмуъминин ин кайфият гуфтанд:

«Ин макоиест, ки чаддам хабар додаст, ки бар он маком шаходат бошад, ки чунин аломат аз дарахт ба хок зохир шавад». Ва хар гох равон шуданд, харчанд мерафтанд, боз худро хам дар он маком бидиданд, то хафт шабонаруз дар биёбон гуруснаву ташна гаштанд, халке аз сигори кибор, аз беоби халок мешуданд. Амри Саид ном марде аз лашкари Язид ба лаби Фурот омада буд ва об банд карда, . амирулмуъминин Хусайнро гуфта фиристод, ки Язид чунин гуфтааст, ба хеч чизе машгул нагарди, то ин ки Хусайнро наздики ман наори. Пас амирулмуъминин гуфт: «Шумо мешуносед, ки ман кистам ва падари ман кист ва чадди ман кист?» Гуфтанд:

«Падари ту Алии Муртазо аст ва модар Фотимаи Захро ва чадд Мухаммади Мустафо аст». Хусайн гуфт: «Чандин медонед, пас чар обо ман маломат кунед? Фардои киёмат чаддамро чи чавоб хохед дод?» Эшон чавоб гуфтанд:

«Эй Хусайн, аз ин бок надорем ва мехохем туро ба байъати Язид дарорем». Хусайн гуфт: «Вой бар шумо бошад, ки фарзанди Мустафоро дар фармони Язид чунин кунед. Албатта бад-он андеша нест, хамон шавад, он чи Худованди ман мехохад, аммо шуморо мегуям, ки маро об дихед, то ахли байти ман халок нашаванд». Гуфтанд: «Эй Хусайн, имруз сагон ва хуконро об дихем, шуморо надихем».

Пас амирулмуъминин Хусайн руй дар осмон кард ва гуфт: « Бор худоё, яке бало бар ин душманон фирист». Чун амирулмуъминин Хусайн алайхиссалом муночот бикард, Хурр ном аз фавчи эшон чудо шуд ва барии Хусайн биомад, истигфоргуён бигуфт: «Эй фарзанди Мустафо, агар ман надонистаме, ки ин халкро ба ту чунин душмани аст, харгиз намеомадам». Хусайн разияллоху анху пурсид: «Чи ном дори?»

Гуфт: «Маро Хурр гуянд». Гуфт: «Харом гардонад худо ба ту оташи дузах». Хурр бар худ силох устувор кард ва бар эшон пайваст. Аз чумлаи аввал чихил касро бияндохт ва баъзеро зери пои асп хаста гардонид. Он гох ба шаходат расид. Аввал касе, ки ба шаходат расид, Хурр буд. Баъд Ансори ном чавоне буд, бом одари худ аз сафи амирулмуъминин Хусайн чудо шуд ва бар душманон ба харб пайваст ва бисёрро дар халокат андохт….. Ва Амри Саид аз лашкари Язиди лаъин беру номад, бо чавон дар чанг шуд. Чун ба дасти Амри Саид кушта шуд, модар сари писар дар канор гирифт ва хок аз руй пок мекарду руяшро буса медод ва мегуфт: «Эй фарзанд, неку саре, ки дар рохи пайгамбар дарбохти ва ба максуди абад расиди».

Он гох модар бонг бар Амри Саид зад, ки «Истода шав, то инсофи фарзанди худ аз ту биситонам, ки чигаргушаамро бикушти ва дили маро кабоб карди. Акнун марди харби ту манам». Ин бигуфт ва хамла бар Амр кард ва захми гурз чунон бар сари у бизад, ки сари у ду пора гашт. Аз асп бияфтод. Зан ба чониби лашкаргохи амирулмуъминин хушдил шуда омад. Амирулмуъминин фармуд: «Эй модар, дили маро шод карди, акнун бирав, дар миёни ахли байти пайгамбар бинишин, ки чиход аз занон наомадааст».

Боз навбат ба навбат аз лашкари хазрати Хусайн берун мешуданд. Чунончи, хун дар замин равон гашт ва хаштод тан аз лашкари Хусайн ба шаходат пайваст. Косим, писари амирулмуъминин Хасан ба Хусайн алайхиссалом гуфт: «Дастуре бошад, то бо душманон газо кунам?» Боз Хусайн гуфт: «Ту хурд буди, вакти мавт падари ту маро гуфта, ки дасти шавкат ба фарзандони ман боз надори. Ту чун пеши ман кушта шави ва ту ёдгори бародари мани?» Косим пои вай бусид ва дастури хост. Он гох хар дуб о якдигар канор гирифтанд ва видои киёмат бикарданд ва Рух ба маъракаи душманон ниход. Чун корзор бикард, хафтад касро ба дузах фиристод ва чанд касон ба халокат фитоданд. Он гох аз лашкари Язид

марде бо хайбат берун шуд.Косим ибни Хасанро шахид кард ва асп холи ба чониби лашкаргохи Хусайн боз омад, Хусайн аспи Косимро шинохт. Наъраи бодард баровард ва аз мардону занон гавго баромад, гуё он руз киёмат коим шуд.

Баъди замоне амирулмуъминин ба хуш омад ба ахли байтро дилшикаста дид ва эшонро дилдори мекард, ки чаддам дар хазрати Худо чон бохтааст ба фидои уммати худ гардонидааст. Акнун хеч касро дар ранч надорад ва хар чи ояд, бар ман ояд.

Амирулмуъминин Хусайнро писар буд, уро Алиакбар мегуфтанд. Он гуфт: «Падар, имруз хафт руз аст, ки модари ман об нахурад ва фарзанд ширхура аст, аз ташнаги модарро шир хушк шудааст, агар дастури дихи,то  об биёрам, то модару тифл халок нашавад, ё об биёрам, ё ман низ кушта шаывам». Амирулмуъминин Хусайн, чун ин сухан аз писар шунид, гирён шуд ва гуфт: «Эй писар, биё ва бобои худро канор гир».

Алиакбар падарро видоъ карда беру номад… Алиакбар наздики душманон расид, пурсиданд: «Ту кисти?» Гуфт: «Ман аз хонадони Мустафоям, маро об дихед, ки тифлони бе гунох халок мешаванд ва ё рох дихед, кадри об бахри эшон барам».

Чавоб доданд, ки «Имруз об сагон ва хуконро бидихем. Шуморо надихем». Алиакбар, чун чавоб ин шунид, гулгула баровад ва наздик сад касро ба дузах расонид ва наздики падар омад ва гуфт: «Эй падар, чомаи тани ман аз ташнаги ва гуруснаги бар вучуди ман гаронтар гашта. Акнун ва навъе халки ман тар шавад, димор аз душманон барорам, худ кунам он чи кунам, аммо, эй падар, бихох аз Худои таъоло, ташнагии манн биравад. Хазрати амирулмуъминин чашм пуроб гардонид ва руй суй осмон кард ва дуо мегуфт, мустачоб намешуд. Он гох гуфт: «Эй чигаргуша, дуои падарат мустачоб намешавад».Алиакбар аз падар ин маъни шунид, муштоки нуши шаходат гашт, дуввум бор хамла чунон баргирифт,ки дусад нафарро зери тег биовард ва хамлаи дигар панчох танро биандохт. Он гох

марде аз лашкари Язид беру номад, бо Алиакбар дар харб шуд ва Алиакбар аз дасти он малъун шахид шуд. Ба мучаррад, ки аз пушти асп чудо гашт, овоз дод, ки эй балокашида, инак чаддам Мустафо шарбати об дод. Хеч об хуштар зи он набошад. Ту низ, эй падар, бишитоб ва ба шарбати тахур бирас. Ин бигуфт ва чон ба хак таслим кард.

Чун амирулмуъминин Хусайн дид, ки фарзанд шахид шуд, ба чашми гирён ва дили бирён монд ва модарро хабар шуд, гирён наздики. амирулмуъминин Хусайн биомад ва кудаки ширхораро наздики амирулмуъминин Хусайн гузошт, гуфт: «Алиакбар шахид шуд, маро бисухт ва дилро кабоб кард. Ин низ ширхора халок мешавад, тавони, як бор оби шарбат биёр, то ки тифл дар халок наафтад». Чун Хусайн кудакро бидид, андоми у дар ларза афтод, он кудакро пеши сина бигирифт, ба чониби об равон шуд. Наздики об душман буд, санге бар амирулмуъминин биандохт.

Санг ба кудак расид, хам дар канораш чон дод ва насли амирулмуъминин Зайнулобиддин монд. У бемор буд. Дид, ки падар Алиасгарро дар пеши худ гирифта омад ва назар бикард, донист, ки у низ шахид гашта. Пас амирулмуъминин Хусайн Алиасгарро дар пеши модар бимонд, фарёд аз ахли байт баромад.

Баъдаху имом Зайнулбиддин аз хайма беру номад, наздики падар шуд, гуфт: «Эй падар, рухсат бошад, то ба душманон харб кунам ва пеши ту ба шаходат бипайвандам ва бар чадди худ Мустафо саллаллохи алайхи ва саллам бирасам». Хусайн гуфт: «Эй фарзанд, насл бурида шавад ва ба пайгамбар чи тавр руй намоям ва шарманда гардем ва низ ёдгори мани». Он гох Умм Кулсум дасти Зайнулобиддинро бигирифт ва дар хайма бурд.

Амирулмуъминин Хусайн бар ахли байт видоъ кард ва чомаи Расулуллох саллаллохи алайхи ва саллам дарпушид ва дастор бар сар баст ва Зайнулобиддинро дар канор гирифту ба Худой супурд ва гуфт: «Эй фарзанд, баъди шаходати ман нахохам, ки ба душманон харб куни. То аз авлоди ман фарзанде монда бошад». Хар як ахли байт дар видоъи Хусайн гиревхо мекарданд ва мегуфтанд: «Аз фарзандони Расулуллох ту буди, акнун бе ту мешавем».

Хам дар ин буд, ки фавчи душман расид. Амирулмуъминин Хусайн танги асп махкам кард ва барнишаст. Дар хамлаи аввал майманаро бар майсара зад ва майсараро бар маймана зад, дусаду чанд касро бикушт. Аз он пас бетаъому беоб монда буд, замоне истода шуд, то карор гирад. Аз казои Худои таъоло душмане тир фиристод. Бар гулуи муборак расид.

Амирулмуъминин назар ба осмон кард ва гуфт: «Бор Худоё, дили душманон бар куштани ман омада карда, аз ту наметарсанд, аз Пайгамбари ту шарм намедоранд». Хафтод чои мубораки андоми амрулмуъминин мачрух карданд. Чун токат намонд, аз пушти асп бар замин афтод… Чандин хазорнафар, ки буданд, хеч касро захраи ин набуд, ки гирди амирулмуъминин ва аз хайбати он шерзода хар яке бар чои худ мутахайир монд.

Нигох Шамири лаъин назди амирулмуъминин расид то сари муборак аз тан чудо кунад ва аз Язид хилъату инъом ёбад. Шамири лаъин аз асп фуруд омад ва бар сари амирулмуъминин нишаст ва тег кашид, то сари муборак чудо кунад, кувват мекард ва тег хеч кор намекард.

Хусайн гуфт: «Эй малъун, тег дар гулуи ман кор нахохад кард, зеро ки чаддам Мустафо дар гулуи ман буса бисёр додаст. Дигар, эй малъун, ту синаи худ боз кун, ки кушандаи маро чаддам нишони додаст. Шамири лаъини бадбахт сина бикушод. Амирулмуъминин дар синаи у нигох кард ва бигуфт: «Рост гуфт, Пайгамбари Худо, ки кушандаи туро дар сина баёз ва доги барас бошад. Пас, эй Шамири лаъин бар кафои сари ман тег бирон».Он малъун хамчунон кард ва тег паси кафо биронд, сар аз тан чудо гардонид, лаънатуллохи ало-лкавми-з-золимин. Ва дар ин соат аршу курси ва лавху калам, бихищьу дузах, осмону замин дар ларза шуданд ва рушноии офтобу махтоб маглуб гашт ва сангу кулух дар шуданд ва чонварон, мургон, охувон бачагони худро шир надоданд. Ва Тани шариф бесар афтод буд, чун шаби чахордахум метофт.

Дар хаймагохи Хусайн асп холи расид. Чун ахли байт асп холи диданд, хун аз чигар боридан гирифт. Умм Кулсум мегуфт: «Ман бе фарзанд шудам». Шахрбону мегуфт: «Ман бе шох шудам». Имом Зайнуллобиддин гуфт: «Ман бе падар шудам». Ва ахли байти Пайгамбар саллаллоху алайхи ва саллам дар гиряву зори шуданд. Алгараз баъди куштани Хусайн дар лашкаргох омаданд ва халки амирулмуъминин бо чумла си тан боки монда буданд.

Шамири малъун сари амирулмуъминин Хусайнро пеши сарлашкар биовард ва гуфт: «Инак сари бехтарини кавм овардам ва сарлашкар дустдори хонадони набави буд, аммо аз хавфи Язид зохир намекард. Фармони Язид расид: «Хар ки аз Хусайн мондааст, пиёда ва сарбарахна равон кунанд».

Бештар аврат буданд, хамаро сару пои барахна равон карданд. Ногох дар манзиле фуруд омаданд ва дар он чо рохибе буд, лашкари Язид дид ва пурсид: «Эй лашкар, ба чи рафта будед?» Эшон гуфтанд: «Мо аз лашкари Язидем ва аз барои овардани набераи Расул алайхиссалом рафта будем Акнун сари уро буридем». Рохиби тарсо чун ин маъни шунид, гуфт:

«Имшаб мехмони ман бошед». Рохиб эшонро шаробу таъом дод. Чун эшон маст шуданд, рохиб гуфт: «Сари Хусайн ба ман дихед, то неку нигох дорам». Рохибро сари Хусайнро доданд. Рохиб сари амирулмуъмининро ба хона оварда медид, нуре аз сари мубораки эшон чудо гашт ва суи осмон толеъ мешуд. Рохиб дар тааччуб монда, он гох бархост ва ташт биёвард ва сарро бо гулоб бишуст ва атр молид ва бо зонуи адаб пеши сар бинишаст, бигуфт:

«Эй Саидзода, бо хумати чадди хеш бо ман ба Сухан дарои, ки дини чадди ту кадом аст, то ман бар он дин оям. Ин сари буридаба хукми Худои таъоло ба сухан даромад ва овози малех бароварду гуфт: «Бигуй, ки Ло илоха иллаллоху Мухаммадун расулуллох». Рохиб бархост ва пеши сар мусалмон шуд ва хама шаб нахуфт.

Чун руз шуд, эшон сари амирулмуъминро аз рохиб хостанд. Рохиб гуфт: «Сар надихам, то сари худ фидо накунам. Касе чунон кардаст, ки шумо чунин бар фарзандони Пайгамбар кардаед ва шумо уммати у хастед. Аз мехтар Исо суми хар монда буд, кавми у онро дар зар гирифтанд, ки ин хам ёдгори Пайгамбари мост. Шумо чунин номехрубони кардед». Ин сухан бигуфт ва бар эшон даровехт, сенздах касро бикушт ва худ хам шарбати шаходат нуш кард. Сари Рохиб бо сархои дигар ба Димишк равон карданд. Язиди малъун шунид, ки сари Хусайн меоранд, шодмон шуд ва гуфт: табли шоди бинавозанд.

Марди мусулмоне буд дар Димишк, ки ин вокеа шунид чандон гирист, ки аз гиря бехуш шуд. Чун ба хуш омад, беруни шахр шуд. Ахли нубувватро дид, ки сарбарахна ва пиёда меоранд. Наздики ахли байт шуда гуфт: «Вой бар касе, ки бар ахли хонадони Расуллуллох чунин чафохо кунад». Ахли байт чун ин мардро мехрубон дид, пурсид: «Ту кисти?» Гуфт: «Ман дустдори хонадони Пайгамбар хастам». Гуфтанд: «Чи ном дори?» Гуфт: «Солех ном аст». Гуфтанд: «Эй Солех, моро фарёд рас, мо чанд руз аст, ки об нахурдаем,

ягон кадах об бидех, чигархои мо тар шаванд». Солех бирафт, машк пуроб карда биёвард ва бихурданд. Боз гуфтанд: «Сархои мо барахна аст ва назари золимон ба сари мо меафтад, пушида гардон». Солех дастори худро пора карда бидод то сархо пушиданд ва Солехро дуо карданд. Сархои шахидон пеш бурданд ва чун ба шахр расиданд, Язиди лаъин гуфт: «Аз фарзандони Хусайн ки мондааст, эшонро пеш оранд ва дигаронро ба зиндон баранд».

Зайнулобиддин ва Зайнабро пеши Язид оварданд ва Язид аз гояти хуши нишаста буд ва таъом мехурд. Пас Зайнулобиддинро гуфт: «Чи гуна сахти ва бало ба шумо расид?» Зайнуллобиддин гуфт: «Хеч касро мусибате нарасид, магар ба фармони Худои таъоло». Он гох руй чониби Зайнаб кард ва гуфт:

«Ман аз Мадина хурмои хуб овардам, ту мехури?» Зайнаб ки чанд руз гурусна буд, гуфт: «Оре». Язид сраи амирулмуъмининро пеш ниход ва гуфт:

«Бихур». Зайнаб сари падарро бишинохт ва дар гиря шуд. Бародар ва хохар хар ду гиристанд ва Язиди лаъини бадбахт чубе бар даст гирифт ва бар Лабу дандони амрулмуъминин мезад. Гуломе наздик истода буд, гуфт: «Эй Язид, чуб дар дандон мазан, ки Сарвари олам саллаллоху алайх ва саллам бар Лабу дандони ин чанд карат буса додааст». Гуфт: «Ман хам аз душмани мезанам».

Чун гулом ин сухан аз Язид шунид, даст бар тег бурд ва бар сари Язид зад.

Аммо хукми Худои таъоло ба такдири Язиди лаъин нарасида буд, хеч кор накард. Гавго бархост ва си нафари Язидро гулом бикушт. Он гах худ кушта шуд. То модом ки Язиди нобакор дар чахон буд, харгиз хушдил набуд ва мардуми дину дунё буд…

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

images

Муборизаи давдатхои империалистии Европа барои забти Хабашистон

Бахори соли 1884 хукумати Англия бо максади нерухои махдичиёни Судонро ба Хабашистон чалб намудан ва …