Главная / Илм / КИШОВАРЗи

КИШОВАРЗи

kishovarziКИШОВАРЗи (гигиенаи мехнат), яке аз кадимтарин намудхои фаъолияти хочагии одам. Пайдоиши К. ба даврае мансуб аст, ки одам заминро бо олоти содатарин шудгор ва хайвонотро ба худ ром мекард. Бо тагйири муносибатхои чамъияти хусусият ва навъи К. низ дигар шуд.
Дар ЧТ дар натичаи ба амал баровардани сиёсати аграри нафакат дар инкишофи иктисодии дехот, балки дар пешрафти ичтимоии он хам тагйироти кулли руй дод: дарачаи маданияти сокинони дехот афзуда, шароити мехнат, зиндаги ва хизмати тиббию санитарии онхо бехтар шуд.
К. ба ду соха чудо мешавад: зироат ё растанипарвари (зироаткори, сабзавоткори, богдори, пахтакори ва г.) ва чорводори (хукпарвари, гусфандпарвари, мургпарвари ва г.). К. инчунин навъхои гуногуни коркарди махсулоти набототу хайвонот, тайёр кардану сергизо гардондани ему хошок ва г.-ро дарбар мегирад. Гигиенаи мехнат дар К. таъсири омилхои мухити зист ва чараёни мехнатро ба организми кормандон меомузад, инчунин хусусиятхои кори кишоварзонро ба назар гирифта, барои бехтар намудани шароити мехнат, хифз ва тахкими саломатии онхо тадбирхо меандешад.
Дар зироат омилхое, ки ба организм таъсири ногувор мерасонанд бештар зохир мегарданд: мавсими ва таъчили будани корхои асоси сабаби нобаробарии мехнати дехконон дар давоми сол ва дароз шудани рузи кори дар давраи киштукор ва хосилгундори мегардад. Корхои асосии дехкони дар хавои кушод зери таъсири доимии омилхои номусоид гузаронида мешаванд. Азбаски корхои дехкони дар сахро мегузаранд, тай кардани масофаи байни икоматгох ва чои кор сарфи вакту кувваи зиёдро металабад. Фаровон истифода бурдани воситахои химиявии мухофизати растани (ниг. Захрхои кишоварзи), инчунин нурихои минерали ва диг. моддахои аз чихати биологи фаъол хосили зироатро баланд бардошта, имконпазирии тамоси дехконон ва мутахассисонро бо пайвастхои химиявии захрнок зиёд мекунад.
Пешрафти илмию техникие, ки тамоми сохаи истехсолоти К.-ро дарбар гирифтааст, шароити мехнати дехкононро низ тагйир дод. Коргарони асоси дар К.-и хозира механизаторхо мебошанд: мехнати заминрон, даравгар, ки сарфи кувваи зиёди чисмониро металабад, амалан мохияташро гум кард. Дарачаи баланди механизатсия сабаби мехнати дастиро иваз кардани мошинхо гардид.
Тракторхо, мошинхои худгард ва мачмуи агрегатхои гуногун асоси механизатсияро ташкил медиханд. Тракторхои сериявии солхои охир нисбат ба тракторхои пешина талаботи бехдоштиро пурратар конеъ мегардананд.
Барои бехдошти шароити мехнати тракторчи ва диг. механизаторон сохти хучраи ин гуна мошинхо мунтазам бехтар мегардад; онхо бо амортизатор, дастгохи харорат, конденсионер ва г. чихозонида шудаанд, садоро намегузаронанд. Дарачаи садогузаронии хучраи тракторхои хозира ва кувваи мушакхое, ки хангоми идораи агрегатхо ба фишанг ва педал сарф мешавад, одатан, аз меъёр зиёд нест.
Дар давраи авчи корхои К. бо максади таъмини шароити мусоиди истехсолот ва маишат бошишгоххои доими ва муваккатии сахрои сохта мешаванд. Масохати китъаи замини бошишгохи сахрои аз 0,5 то 1,25 га буда дар минтакаи кабудизор чойгир мешавад. Меъёри истифодаи об дар як шаборуз ба хар нафар дар бошишгохи доимии сахрои 30 – 40 л, дар бошишгохи муваккати 10 – 12 л аст. Зарф барои кашондан ва муваккатан нигох доштани об бояд чумаку сарпуш дошта бошад, онро баъди хар 3 – 4 руз бо махлули охаки хлордор (ба 100 л об як истакон махлули 10 фоиза) безарар гардондан лозим аст; дар ин маврид баъди 2 соат махлулро рехта, зарфро мечайконанд ва сипас бо оби тоза пур мекунанд. Хонаи хоби бошишгоххо барои 4 – 6 кат (4,5 м барои як кас) пешбини шудааст. Хобгоххо бояд барои хушконидани либос ва пойафзор чои махсус дошта бошанд.
Дар чорводори ширдушии дасти, таксими ему хошок, нигохубини чорво, баровардани саргин корест басо душвор. Мехнати говдушоне, ки бо даст шир медушанд, хеле вазнин буда, дар онхо мумкин аст иллати даст, радикулити камару чорбанд, дарди асаб инкишоф ёбад. Хангоми пусидани срагин ва дар хаво пайдо шудани меркаптан, индол, аммиак, сулфиди гидроген ва диг. моддахо, ки буи нофорам доранд, мухити кории чорводорон номусоид мегардад. Дар аснои таксими ему хошоки хушк ва рубучини бино, микдори гарду чанг ва микроорганизмхо дар хаво якбора меафзояд. Микрофлораи бинои чорводори, одатан, аз микробхои сапрофити ва шартан бемориовар иборат аст.
Дар заводхои хуроки омехтаи чорво ё сеххое, ки барои сергизогардонии ему хошок таъин шудаанд, ба коргарон гарду чанги захролуд, садои баланд, микроиклими ногувор таъсир мерасонанд. Хангоми бор кардани махсулот, инчунин дар чойхои нигахдории махсулоти тайёр ва дар назди мошинхои резагар гилзати баланди гарду чанг ба вучуд меояд. Ба хавои чои кор ворид шудани гарду чанг бинобар халал ёфтани хавокашии тачхизот руй медихад; дар хаво бокимондаи пестисидхои ашёи хом, инчунин микроорганизмхо ва занбуругхоро ошкор намудан мумкин аст.
Хангоми силосхобони дар анборхои махсус, чукурию хандак ва чоххо дар натичаи равандхои микробиологи ва биохимияви растани пусида, гази «силоси» хорич мешавад; он дар аснои аз анбор баровардани силос ба коркунон мумкин аст таъсири ногувор расонад.
Бехдошти шароити мехнат дар чорводори тадбирхои зеринро дарбар мегирад: чихозонидани бинохои чорводори бо асбобхои хавокаши, мунтазам рубучин кардан ва безарар гардондани бино, бо сарулибоси махсус, пойафзор ва диг. воситахои мухофизат таъмин кардани коргарон. Истифодаи мошинхо кори чисмониро хеле кам ва шароити мехнати чорводоронро бехтар намуд. Мас., душидани мошинии шир нафакат махсулнокии мехнатро 2 – 4 маротиба баланд бардошт, балки онро хеле осон хам гардонд. Дар комплексхои саноатии чорводори ва паррандапарвари низоми аз нигохи физиологи окилонаи мехнатро чори карда, дар фермахое, ки холо ширдушии дасти боки мондааст, барои пешгирии беморихои даст тадбирхои махсус меандешанд. Бо ин максад тагораи дарозруяеро оби гарм (26 – 380С) пур мекунанд ва дастхоро тоза шуста то оринч ба об мегутонанд. Давомоти проседура 10 – 15 дакика. Дастро то огози ширдуши 5 – 7 дак. масх мекунанд. Дастро ба руи миз озодона мегузоранд; сипас ангуштон ва мушакхои банди дастро бо ангуштону кафи дасти дигар ба тарафи бадан молиш медиханд. Хар як машкро 5 – 6 маротиба такрор мекунанд. Аввал тарафи пахлуии ангуштон, баъд кафу пушти дастро молиш медиханд. Панчаи даст давродавр масх карда мешавад. Бо кафи як даст пушти дасти дигарро молиш медиханд. Хангоми пайдоиши амрози пуст, кафидахои амик, буридан ё харошхурии даст ба духтур мурочиат бояд кард.
Барои пешгирии хасташави ва дарди даст хангоми душидани шир, суръати кашиш ёфтану суст шудани ангуштон бояд дар як дак. аз 70 – 80 харакат зиёд набошад. Ба курсичаи мувофики кад нишаста говро медушанд. Дар ин маврид рост ва озод бояд нишаст. Баландии курсича барои одами кадбаланд 29 – 30 см, миёнакад 26 – 28 см, кадтпаст 23 – 25 см аст. Коркунони фермахои чорводори коидахои бехдошти шахсиро бояд катъи риоя кунанд. Дар комплексхои чорводори сохтани бинохои санитарию маиши, душхона, хонаи дамгири ва бехдошти занон пешбини шудааст.
Тадбирхои мухимме, ки ба бехдошти шароити мехнат нигаронида шудаанд: бехтар намудани накшагирии сеххои асоси ва тачхизот (хусусан дар заводу сеххое, ки хуроки омехтаи чорво тайёр мекунанд), такмил додани кори асбобхои хавокаш, механиконии рубучини бино ва г.
Назорати санитарие, ки дар тамоми сохахои К. мегузаронанд, бояд дар робитаи зич бо умури ветеринари ба амал бароварда, дар айни хол коидахои бехдоштие, ки шароити мехнат талаб мекунад, ба асос гирифта шаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …