Главная / Илм / КИСМХОИ СО MS DOS, ДРАЙВЕРХО ВА ПРОГРАММАХОИ РЕЗИДЕНТИ

КИСМХОИ СО MS DOS, ДРАЙВЕРХО ВА ПРОГРАММАХОИ РЕЗИДЕНТИ

Кисмхои СО MS DOS. Системаи оператсионии MS DOS аз кисмхои таркибии зерин иборат аст:

 Системаи базавии дохилкуни-хоричкунии информатсия (BIOS). Ин программа дар хотираи доимии компютер (ROM –

кead only memoкy) чойгир шудааст. Системаи BIOS амалиётхои махсусро ба монанди – санчиши дарачаи ба кор омода будани кисмхои компютер (тестгузарони), ба хотираи фаврии компютер чег задани дигар кисмхои системаи MS DOS, ичро намудани амалиёти универсиалии дохилкуни-хоричкунии информатсия аз клавиатура, дискхо ва экран ичро менамояд.

 Огозкунандаи кори DOS. Ин программаест, ки дар сектори якуми диски системави ё винчестер чой дода шудааст. Вазифаи асосии ин программа – ба хотираи фаврии компютер

(RAM) чег задани файлхои Io.sys ва Msdos.sys мебошад.

  1.  Файлхои Io.sys ва Msdos.sys. Ин файлхо файлхои асосии системави ба хисоб мераванд. Дар онхо программахои асосии системаи оператсионии MS DOS навишта шудаанд, ки онхо дар каталоги решавии диски системави чой дода мешаванд.
  2.  Программаи Command.com. Ин программаро протсессори командави ё ичрокунандаи командахои истифодабарандаи компютер меноманд.
  3.  Утилитхои система. Утилитхо программахоянд, ки онхоро системаи MS DOS барои ичро намудани командахои беруна истифода мебарад.
  4.  Драйверхои кисмхои компютер. Драйверхо программахои махсусанд, ки онхо фаъолияти ин ё он кисми ба компютер пайваст бударо идора менамоянд. Дар раванди ба кор омода гаштани системаи MS DOS, драйверхо ба хотираи фаврии компютер дохил карда шуда, то итмоми кори система дар он чо боки мемонанд. Номи драйверхо дар файли Config.sys ба кайд гирифта мешаванд.

Драйверхо ва программахои резиденти. Драйверхо ва программахои резиденти имкониятхои системаи MS DOS-ро зиёд менамоянд. Онхо корхоеро ба субут мерасонанд, ки системаи MS DOS онхоро бевосита ичро карда наметавонад.

Драйверхо барои ба системаи компютери хамрох намудани тачхизоти нав ё барои ба таври гайристандарти истифода бурдани тачхизоти мавчуда хизмат мерасонанд.

Хамин тарик, драйверхо программахои махсусе мебошанд, ки фаъолияти кории ин ё он кисми ба компютер пайвастбударо таъмин ва идора менамоянд. Масалан, драйвери Himem.sys имконият медихад, ки системаи MS DOS хотираифаврии компютерро пурратар истифода барад. Драйвери Keybrd2.sys бошад, имконият медихад, ки аз клавиатура харфхои алифбои руси дохил карда шаванд.

Барои ба кор даровардани ягон программа, он хатман ба хотираи фаврии компютер чег зада мешавад. Пас аз итмоми кори программа бошад, онро системаи MS DOS аз хотираи компютер хорич менамояд. Баъзе программахо хамин тавр сохта шудаанд, ки пас аз итмоми корашон низ кисман ё пурра дар хотира боки мемонанд. Ин намуди программахоро программахои резиденти меноманд. Масалан, кабати программавии Norton Commanderпрограммаи резиденти ба шумор меравад.

 Саволхо:

  1. Системаи оператсионии MS DOS аз чанд кисм иборат аст?
  2. Функсияхои BIOS кадомхоянд?
  3. Драйвер гуфта чиро мефахмед?
  4. Барои чи баъзе программахоро программахои резиденти мегуянд?

 Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Номи кисмхои MS DOS ва вазифахояшонро мухтасар дар дафтаратон нависед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …