Главная / Илм / КИСЛОТАИ БОРАТ

КИСЛОТАИ БОРАТ

kislotai-boratКИСЛОТАИ БОРАТ, кислотаи ортоборат, H5BO3, кислотаи сусти сеасосаи ноорганики, кристаллхояш беранги пулакчашакл, зичиаш 1480 кг/м3, t гуд. 169°С (бо тачзия). Дар об, спирт ва диг. халкунандахои органики хал мешавад. Хангоми гарм кардан оби таркибашро хорич карда, аввал ба кислотаи метаборат HBO2, баъд ба ангидриди борат B2O3 табдил меёбад. Намакхои К. б. – боратхо асосан хосилаи кислотахои полиборат (формулаи умумиашон nB2O3 • mH2)) мебошанд. Хангоми таъсири тарафайни К. б. бо спирт, дар иштироки кислотаи консентронидани H2SO4 (хамчун пайвасткунандаи об), эфир хосил мешавад:
3CH3OH + H3BO3 = B(OCH3)3 + 3H2O.
К. б.-ро асосан аз боратхои табии хосил мекунанд. К. б. дар саноат (барои истехсоли шишахои махсус ва минохо), тиб (воситаи зидди микробхо), амалияи лаборатори (барои тайёр намудани махлулхои буфери) ва г. истифода мешавад. Махлули обии 2 – 4%-аи онро барои обгардон кардани дахон, гулу, шустани чашм кор мефармоянд. Бо мархами 5 – 10% ва зарураи он беморихои пустро табобат менамоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …