Главная / Илм / КИСЛОТАИ АТСЕТИЛСАЛИТСИЛАТ

КИСЛОТАИ АТСЕТИЛСАЛИТСИЛАТ

atcetilКИСЛОТАИ АТСЕТИЛСАЛИТСИЛАТ (Acetylsalicylic), як навъ дору. Дар шакли курсхои гуногун (мас., курс барои кудакон, курси пардадор, ки дар руда хал мешавад, курси чилддор, курси дар об халшаванда ва г.) истехсол карда мешавад. К. а. таъсири зидди илтихоб, рафъи дард ва табфарор дорад. Барои муоличаи тарбод, артрити тарбодмонанд, миокардити сироятию аллерги, перикардит кор фармуда мешавад. К. а.-ро дар мавриди сардард, дарди нимсара, дандондард, невралгия, камардард, дарди мушакхо, артралгия низ истифода мекунанд. К. а. барои пешгирию табобати амрози дил низ таъин карда мешавад, мас., бемории ишемияи дил, стенокардия, сактаи дил (бо максади такрор наёфтани он), тромбоэмболея, сактаи шуш, тромбофлебити шадид ва г. Дилбехузури, суст шудани иштихо, гастралгия, ихтилоли фаъолияти чигар ё гурда, камхуни, лейкопения ва г. аломатхои таъсири номатлуби К. а. мебошанд. Дар аснои дуру дароз истифода бурдани он сарчархи, сардард, кай, захми меъдаю рудахо, хуншори, заъфи босира, гушвазнини, бронхоспазм, садо додани гуш ба мушохида мерасанд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

komputer-3

КОМПЮТЕР – МОШИНИ УНИВЕРСАЛИ

  Имкониятхо ва хосиятхои компютер. Компютер пеш аз хама як намуд мошин аст. Он бо …