Главная / Илм / КИСЛОТАХОИ РИБОНУКЛЕАТ (КРН)

КИСЛОТАХОИ РИБОНУКЛЕАТ (КРН)

kislotai-rybonukleatКИСЛОТАХОИ РИБОНУКЛЕАТ (КРН), навъи кислотахои нуклеат, ки дар табиати зинда васеъ пахн шудаанд. Аз асосхои пурини (аденин, гуанин) ва пирамидини (урасил, ситозин), канди рибоза ва бокимондаи кислотаи фосфат таркиб ёфтаанд. Бештар дар ситоплазмаи хучайра мавчуданд. К. р. дар организм асосан дар намуди рибонуклеопротеидхо (РНП) вомехуранд. Рохи биологии КРН аз интиколи ахбори генетики аз генхо ва иштирок намудан дар биосинтези сафедахо иборат аст. Дар бисёр вирусхое, ки кислотаи дезоксирибонуклеат (КДН) надоранд, КРН нокили моддии ахбори генетики мебошанд. КРН полинуклеотиди хаттии аз даххо ва хазорхо мономерхо – рибонуклеотидхо таркибёфта буда, молекулаи онхо спирали дукабата хосил намекунанд. Биосинтези КРН дар ядрои хучайра, дар матритсаи КДН бо иштироки полимеразахо ба амал меояд.
Дар хучайраи зиндаи хар як организм се намуди КРН мавчуд аст: 1) КРН-и рибосоми (КРН-р), ки кариб 80%-и хамаи КРН-и хучайрахоро ташкил медиханд (онхо ба таркиби хиссачахои ситоплазмави – рибосомхо, ки дар онхо биосинтези сафедахо ба вукуъ меоянд, дохил мешаванд); 2) КРН-и наклиёти (КРН-н) 15% хамаи КРН-и хучайраро ташкил намуда нисбатан бисёр асосхои гайримукаррариро дарбар мегиранд; 3) КРН-и ахбори (КРН-а) камтар аз 5%-и хамаи КРН-и хучайраро ташкил медиханд; КРН-а дар шакли нусхаи кисмхои муайяни КДН (генхо) синтез мешаванд ва ахбороти аз КРН нусхабардоштаро ба рибосомахо мебаранд.
Дар кафедраи биохимияи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино вазифаи КРН дар механизми чудокунии оби меъда ва баъзе беморихои чигари одам мукаррар карда шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …