Главная / Илм / КИРМИ ЧИГАРМАК

КИРМИ ЧИГАРМАК

kirmi-chigarmakКИРМИ ЧИГАРМАК (Fasciola hepatica), фастсиолаи мукаррари, кирми паразит аз синфи трематодахо. Танаш баргмонанд, дарозиаш 2 – 5 см, дар интихои кисми пеш узвхои маккандаи дахони ва шиками дорад. Дар чигар, роххои дромади захра ва захрадони хайвонхои ширмаки алафхур ва одам сокин мешавад. Тухмхои К. ч. дар об инкишоф меёбанд ва дар организми аксари обборонакхо, инчунин диг. нармбандхо ба кирмина табдил меёбанд. Кирмина (серкарий) аз нармбадан баромада, ба растанихои оби ва сохили гузашта, ба адолескария мубаддал мешавад. Кирмина бо растани ба организми дигар дохил шуда, дар чигар афзоиш мекунад ва бемории фастсиолёзро ба вучуд меорад.
Бо максади махв кардани К. ч. шибарзаминхоро хушконда, чарогоххоро иваз кардан лозим аст.
Ад.: Шулс Р. С., Диков Г. И. Гельминты и гельминтозы сельскохозяйственных животных, Алма-Ата, 1964.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …