Главная / Илм / КЕРАТОМИКОЗХО

КЕРАТОМИКОЗХО

keratomokozКЕРАТОМИКОЗХО (Keratomycosis), шукуфаи сабусакмонанд (гуногунранг). Ангезандаи К. занбуруги хамирмояшакл буда, дар кабати шохини эпидермис зиндаги мекунад. Ба пайдоиши К. серараки ва диатези себореяви мусоидат менамоянд. Дар мавриди К. дар пусти сарсина, тахтапушт, гардан, китф ва кисми муйдори сар догхои хурд (кутрашон 3 – 5 мм)-и чигарии зардтоб пайдо мешаванд (хангоми кофтан андаке сабусак доранд). Догхо тадричан зиёд ва ба хамдигар пайваст гашта, ба лаккахои калон табдил меёбанд. Маризи хоришу сузиш намекунад. Бо максади ташхиси К. ба чойхои осебёфта махлули йод молида бо спирт тоза мекунанд, дар натича кабати шохини пуст, ки занбуруг ковок кардааст, йодро зуд чаббида, догхо ранги чигарии баланд мегиранд (онхо дар заминаи ранги кадре зардчатоби пусти солим хуб намоён мешаванд).
Бемории эритразма низ мансуби К. аст. Дар кисми болои шохпардаи эпидермис инкишоф меёбад. Маризи аз одами бемор сироят мекунад. Хангоми пои барахна гаштан аз хок низ сироят ёфтан мумкин аст. Бисёр вакт дар одамони калонсол (асосан дар мардхо) ба мушохида мерасад (дар чинхои пуст пайдо мешавад).
К.-ро духтури дерматолог муолича мекунад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …