Главная / Илм / КЕРАТИТ

КЕРАТИТ

keratitКЕРАТИТ (Keratitis; юн. keras – шох), газаки карния (шохпардаи чашм). Ба пайдоиши он аксаран вирус (ба ном К.-и табхоли) ва баъзан дигар микроорганизмхо сабаб мешаванд. К. баъди осеби карния (хангоми аз хуша, шохи дарахт, нохун, чисмхои бегона харош хурдани чашм), хангоми беморихои сирояти (грипп, сузок, нагзак, сил, сифилис), аз норасоии витамини А (ниг. Витаминкохиш) рух медихад.
Бемори гирифтори К. аз рушнои метарсад, оби чашм мешорад, чашм дард мекунад; дар даруни чашм эхсоси чисми бегона ба вучуд меояд. Бисёр вакт бемори тавре чараён мегирад, ки шахс чашмонашро кушода наметавонад. Агар маркази карния низ газак гирифта бошад, он гох кувваи босира хеле заиф мешавад; илтихоби гирду атрофи карния ба кувваи босира (биниш) таъсир намекунад.
Дар мавриди пайдо шудани ин аломатхо дархол ба духтури чашм мурочиат намуда, ба маслихати у катъи риоя бояд кард. Табобати нодуруст ва дер боиси хира шудани чашм мегардад (ниг. Гули чашм). Дар ин сурат кувваи босира ба дарачае заиф мешавад, ки бемор факат рушноиро аз торики фарк карда метавонаду бас.
Хангоми якбора заиф шудани кувваи босира пас аз 5 – 6 мохи бемори карнияро тармим мекунанд (ниг. Кератопластика). Он нури чашмро то андозае баркарор менамояд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …