Главная / Илм / КЕЛОИД

КЕЛОИД

keloidКЕЛОИД (юн. kele – омос ва eidos – намуд), ташкилаи омосмонандест дар пуст. К. худ аз худ ё дар пайи ягон осеб ба вучуд меояд. Баъди беморихои римноки амик пайдо шудани он низ аз эхтимол дур нест. Зухуроти К.-ро ба ихтилоли эндокрини, сироят ва хусусиятхои ирсии пуст вобаста медонанд.
К. омоси сахти рангаш сурхи баланд ё сафеди курашакл (ё дарозруя) буда, дар сатхи пуст чой мегирад. К. хакики ва дуругин мешавад. К.-и хакики дар чои солими пуст ба вучуд меояд; К.-и дуругин дар чои каблан осебёфтаи пуст (мас., сухта) пайдо мешавад ва одатан шаклаш низ ба он мувофик мебошад (мас., К.-е, ки дар чои буридашудаи пуст пайдо шудааст, шакли дарозруя ва агар дар чои пучак ба вучуд омада бошад, шакли гирда дорад). К.-хо тока ё гурух-гурух дар руй, сарсина, гардан, тахтапушт пайдо шуда метавонанд. Чараёни К. дуру дароз буда, гохо тамоми умр бетагйир боки мемонад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …