Главная / Илм / КАВАР

КАВАР

kavarКАВАР (Capparis spinosa), кабар, камар, бодиринги чайра, гиёхест бисёрсола. Решааш гафси дароз (10 – 12 м), пояаш хазанда; барги гирд, гули калони сафед (баъзан зардтоб ё гулоби), меваи байзашакл ё лунда дорад (хангоми пухтан чоркафон мешавад ва дарунаш мисли тарбуз аст). Май – июн гул карда, сент. – окт. мева мебандад.
К. дар нишебихои талу теппа, заминхои зардхок, канори киштзор месабзад. Дар мавзеъхои Куррама, Мевагул, Туркистон, Зарафшон, Хисору Дарвоз, Точикистони Чанубию Шарки ва Помири Гарби вомехурад.
К. гиёхи шифобахши кадимист. Абуалии Сино решаи К.-ро барои муоличаи илтихоби асаби сурин, фалач, бавосир, гунги, сардард, дарди дандон, иллати испурч, чарохатхои фасоднок, кафидани мушакхо истифода мебурд, онро давои таквиятбахш, киччарон ва позахр мехисобид. Ба акидаи у меваи тару тозаи К. нисбатан сергизо аст. К.-и очоронида зики нафасро рафъ менамояд. Сино бо решаи К. никрис, бугумдард, радикултро табобат менамуд; барги онро барои давои ширинча ва чарохатхо тавсия медод.
Табибони халки решаи К.-ро барои муоличаи тарбод, брутселлез, диабет, зардпарвин ва иллати испурчу чигар истифода мебаранд. Меваи онро хангоми бугумдард, радикулит ва чун давои талхарон, исхоловар ва киччарон истеъмол мекунанд. К. фаъолияти чигар, дил, шуш ва испурчро таквият мебахшад, хангоми чогар, диабети канд, гулузиндонак ва камиштихои муфид аст. Шираи гули К.-ро ба чарохат мемоланд. Хокаи мугчаи К. иштихоро мекушояд, дар мавриди нуксони испурчу чигар муфид аст. Ба акидаи табибони мардуми агар К.-ро бихуранд ё дар об чушонда бинушанд, рагхои хунро мекушояд, узвхоро аз моддахои зарарнок пок мекунад, балгамро меронад. Хар кисми К.-ро куфта гузошта банданд, мушакхои аз кор мондаро шифо мебахшад. Агар пуст ё барги тару тозаи онро бихоянд, майнаро аз моддахои бегона тоза мекунад, самари К.-ро дар намак парварда бихуранд, ба дамкутахи манфиат меорад. Самари намакхурдаи К.-ро пеш аз таом истеъмол намоянд, дарунро мулоим мекунад. Ба меваи К. мурч пошида бихуранд, гиреххои чигарро мекушояд. Гули онро хушк карда ва чун орд соида ба носурхои чашм бипошанд, онхоро хушк месозад. Бо шираи гули К. аз организм киччахоро меронанд, чушоби меваашро хангоми бавосир, дарди ворахо ва сардард менушанд. Обзани чушоби решаи К. барои табобати фалач ва тарбод муфид аст.
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …