Главная / Маданият ва санъат / КАСИДАИ ХАБСИЯИ «ТИРУ ТЕГ АСТ БАР ДИЛУ ЧИГАРАМ»

КАСИДАИ ХАБСИЯИ «ТИРУ ТЕГ АСТ БАР ДИЛУ ЧИГАРАМ»

Тиру тег аст бар дилу чигарам,
Гаму тимори духтару писарам.
Хам бад — ин сон гудозадам шабу руз
Гаму тимори модару падарам.
Чигарам пора асту дил хаста
Аз гаму дарди он дилу чигарам.
На хабар мерасад маро з-эшон,
На бад — эшон хамерасад хабарам.
Боз гаштам асири калъаи Ной,
Суд кам кард бо казо кадарам.
Камари кух то нишасти ман аст,
Бар миёни ду даст шуд камарам.
Аз баландии хисну тундии кух,
Мункатеъ гашт аз замин назарам.
Ман чу хохам, ки осмон бинам,
Сар фуруд ораму замин нигарам.
Аз заъифии дасту тангии чой
Нест мумкин, ки пирахан бидарам.
Аз гаму дард чун гули наргис,
Рузу шаб бо сиришку бо сахарам.
Ё зи дида ситора меборам,
Ё ба дида ситора мешумарам.
В-ар дили ман шудаст бахри гамон,
Ман чигуна зи дида дар шумарам?
Гашт лола зи хуни дида рухам,
Шуд бунафша зи захми даст барам.
Хама ахволи ман дигаргун шуд,
Рост гуи Сикандари дигарам,
Ки дар ин тирарузу тори-чой,
Гавхари дидагон хаме сипарам.
Бим кардаст дарди дил амнам.
Захр кардаст ранчи тан шакарам.
Пеши тире, ки ин занад хадафам.
Зери теге, ки он кашад сипарам.
Оби софе шудаст хуни дилам,
Хуни тира шудаст оби сарам.
Будам охан, кунун аз у зангам,
Будам оташ, кунун аз у шарарам.
На сарозодаму на учрохур,
Пас на аз лашкарам, на аз хашарам.
Дарнаёбам хато чу бехирадам.
Рах набинам хаме чу бе басарам.
Нашнавам некуву набинам рост,
Чу сипехру замона куру карам.
Мехнатогин шудам, чунон ки кунун
Накунад хеч шодие асарам.
Ай чахон, сахтии ту чанд кашам?!
В-ай фалак, ишваи ту чанд харам?!
Кош ман чумла айб доштаме,
Чу балоест чумла аз хунарам.
Ба дилам оз харгиз ар нагузашт,
Пас чаро ман замон-замон батарам?
Бистад аз ман замона, хар чи бидод,
Розиям бо замона сар ба сарам.
То ба гардан аз ин чахон чу равам,
Аз хама халк миннате набарам…

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

daypicture.net-7926

Коидахои бехдоштро фаромуш насозед! (санъати тасвири)

Нихоят мухим аст, ки Дар вакти Дарс Дакиккор буда, бо комати рост бишинед. Хангоми расмкаши …