Главная / Илм / КАРТОШКА

КАРТОШКА

kartoshkaКАРТОШКА (Salanum tuberosum), сабзавотест маъмул. Пояаш рост, то 30 – 150 см кад мекашад. Барги пармонанд, гули сафед, кабуд, бунафш, бунафши сурхтоб, гучуммеваи мудаввар ё байзашакли сертухм дорад. Аз К. зиёда аз 200 хел таом тайёр мекунанд. Барои истехсоли спирт, охар, глюкоза, каучук ва г. низ ашёи хом аст. Охари онро дар саноати хуроквори, бофандаги ва когазбарори васеъ ба кор мебаранд. Дар таркиби лундаи К. охар, канд, сафеда, намакхои минерали, витаминхои С, В1, В2, В6, Д, РР, Е, U ва каротиноидхо мавчуд мебошанд.
Табибони халки К.-ро тарошида ба чойхои сухта, шукуфа ва диг. беморихои пуст мебанданд. Буй кардани буги К. (хангоми чушондани он) назлаи роххои болоии нафас, ларингит, фарингит, зуком ва баъзе беморихои дигарро шифо мебахшад. Шираи бо саршир ва каймок омехтаи К.-ро барои равондани доги кунчидак ва муоличаи кафидагихои пуст истифода мебаранд. К.-и хом туршии шираи меъдаро муътадил мегардонад, бинобар ин барои муоличаи захми меъда ва рудаи дувоздахангушта муфид аст. К. зардачуш, оруг ва диг. иллатхоро рафъ менамояд.
Дар тибби илми К. барои беморони иллати дил ва гурда гизои пархези махсуб мешавад. Мукаррар гаштааст, ки накеъи гули К. фишори хунро паст ва нафаскаширо тез мекунад, алкалоидхои он хосияти зиддигистамини, зиддимикроби, зиддизанбуруги ва инсектисиди доранд. Охари К. дар мавриди беморихои музмини узвхои хозима ва чун давои мулайину рафъи илтихоб истифода бурда мешавад.
Ад.: Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …