Главная / Илм / КАРСИНОМА

КАРСИНОМА

karsinomaКАРСИНОМА (Carcinoma), бодхура, як навъ омоси саратонист, ки ба хучайрахои узвхои дохили ва хучайрахои эпителияи пусти одам зарар мерасонад. К. чанд хел мешавад, мас., асосхучайра, пахнхучайра, К.-и шуш ва г. К.-и асосхучайра нихоят суст афзоиш меёбад. Дар пуст гирехчаи сурхи сатхаш хамвор пайдо шуда, бо мурури вакт ранги худро тагйир (аз гулгун то чигарии баланд) медихад. Кисми марказии гирехча карахш дорад. Он метавонад ба яра табдил ёфта, бофтахои поёниро хароб созад. К.-и пахнхучайра аз хучайрахои серкабати эпителияи пахн иборат аст; бисёр вакт шуга мебандад. Хучайрахои омос ба тавассути десмасомахо (пулчахои байнихучайрави) пайваст мебошанд. Омос зуд афзоиш ёфта реша меронад. К.-и шуш шаклхои гуногун дорад: эпидермоиди, аденокарсинома, калонхучайра ва хурдхучайра.
Табобати К. ба табиати омоси аввалин вобаста аст. Барои муоличаи он аз дорухои гуногун ва усули чаррохи истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …