Главная / Чамъият / КАРОР ДАР БОРАИ БАРНОМАИ БУНЁДИ “ХАЗИНАИ ЧУМХУРИЯВИИ ШТАММИ МИКРООРГАНИЗМХОИ ИЛЛАТАНГЕЗ

КАРОР ДАР БОРАИ БАРНОМАИ БУНЁДИ “ХАЗИНАИ ЧУМХУРИЯВИИ ШТАММИ МИКРООРГАНИЗМХОИ ИЛЛАТАНГЕЗ

ХУКУМАТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КАРОР

ДАР БОРАИ БАРНОМАИ БУНЁДИ “ХАЗИНАИ ЧУМХУРИЯВИИ ШТАММИ МИКРООРГАНИЗМХОИ ИЛЛАТАНГЕЗ БАРОИ СОЛХОИ 2014-2018”

Мутобики моддаи 7 Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи дурнамохои давлати, консепсияхо, стратегияхо ва барномахои инкишофи ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон”, бо максади таъмини амнияти биологи, ташхис ва пешгирии беморихои сироятии хайвонот, хифзи саломатии чомеа ва рушди биотехнологияи ватани Хукумати Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Барномаи бунёди “Хазинаи чумхуриявии штамми микроорганизмхои иллатангез барои солхои 2014-2018” тасдик карда шавад (замима мегардад).
  2. Маблаггузории Барномаи бунёди “Хазинаи чумхуриявии штамми микроорганизмхои иллатангез барои солхои 2014-2018” дар доираи маблагхои хамасола барои Академияи илмхои кишоварзии Точикистон пешбинишаванда ва дигар манбаъхои гайрибучети, грантхо ва сарчашмахои иловаги амали карда шавад.
  3. Академияи илмхои кишоварзии Точикистон оид ба ичрои Барномаи мазкур хар сол ба Хукумати Чумхурии Точикистон хисобот пешниход намояд

 

Раиси

Хукумати Чумхурии Точикистон                                                                            Эмомали Рахмон

 

аз 3 марти соли 2014, № 153

ш.Душанбе

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …