Главная / Илм / «КАРОБОДИНИ КОДИРи»

«КАРОБОДИНИ КОДИРи»

kodiri«КАРОБОДИНИ КОДИРи», асари тиббии Мухаммадакбар ибни Мухаммадмукими Дехлави маъруф ба Арзони. С. 1717 ба забони точики таълиф шудааст. «К. К.» яке аз карободинхои шомилу комил буда, ба исми шайх Абдулкодири Гелони номгузори шудааст. «К. К.» аз 23 боби асоси ва хотима иборат аст. Муаллиф дар он хамаи дорухои мураккаби дар тиб маъмул ва мучарработи ахли Хиндро ба хасби беморихо гурухбанди ва дар 23 боб ба тартиби алифбо ёд кардааст: боби якум дар адвияи беморихои сар; боби дуввум дар адвияи беморихои чашм; боби севвум дар адвияи беморихои гуш; боби чахорум дар адвияи беморихои бини ва мутаалликоти он; боби панчум дар адвияи беморихои лаб; боби шашум дар адвияи беморихои дандон ва лисса; боби хафтум дар адвияи беморихои дахон, забон ва халк; боби хаштум дар адвияи беморихои хунок ва забха; боби нухум дар адвияи беморихои ханчара ва касабаи риа ва мари (сурхруда); боби дахум дар адвияи беморихои шуш, сина ва хичоб; боби ёздахум дар адвияи беморихои дил; боби дувоздахум дар адвияи беморихои меъда; боби сездахум дар адвияи беморихои чигар, захра, сипурз ва яракон; боби чахордахум дар адвияи беморихои амъо (рудахо), куланч, исхол, захир, сахч (реши руда), магс ва дидон (кирмхо); боби понздахум дар адвияи беморихои гурда ва масона; боби шонздахум дар адвияи беморихои макъад, рахм, кубул ва бавосир; боби хафтдахум дар адвияи беморихои пистон, хуся ва олат ва (адвияи) мукаввии бох, монеи суръати инзол ва мукаллилаи бох; боби хаждахум дар адвияи беморихои мафосил, вачъу-з-зухр (миёндард), хадаба (кузапушти), риёху-л-африса (бечошавии мухрахо), зонудард, никрис, ирку-н-насо, даволи, доу-л-фил, вазъу-л-акаб (пошнадард) ва вачъи каффи-р-ричл (дарди кафи пой); боби нуздахум дар адвияи табхо; боби бистум дар адвияи беморихои пуст: авром, бусур, чурух, курух, чараб, кубо, барас, бахак, чузом, ихтироки чилд (сухтагии пуст) ва амсоли инхо; боби бистуякум дар адвияи зарба ва сакта (латхурдаги ва афтидаги); боби бистудуввум дар тадбири мусофирон ва дорухое, ки ба холати ахли сафар тааллук доранд; боби бистусеввум дар адвияи каси масмум, малсуъ ва малзуъ (каси захролудшуда ва каси чондор газидаги) ва дар тадбири тахарруз аз сумм (захр). Хотима дар баён роху усулхои дорухоро таркиб додан бахс мекунад. Китоб борхо ба усули санги дар Хиндустон ба табъ расидааст.
Ад.: Мухаммадакбари Арзони, «Карободини Кодири», Хинд, 1886.
С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …