Главная / Илм / «КАРОБОДИНИ КАЛОНИСи»

«КАРОБОДИНИ КАЛОНИСи»

kalonisi«КАРОБОДИНИ КАЛОНИСи», асари Калониси дар боби тиб. Такр. с. 1194 ба забони араби таълиф шудааст. Чи тавре ки Ибни Абуусайбиа дар асари худ «Таърихи табибон» кайд намудааст, муаллиф хангоми навиштани асари мазкур аз «Ал-Конун фи-т-тиб»-и Ибни Сино, «Ал-Хови», «Ал-Комил»-и Абубакри Рози ва г. истифода бурдааст. «К. К.» аз 49 фасл иборат буда, дар он усулхои шустану хушконидани дорувор ва аз омехтахо тайёр намудани дорухои хока, хамира, хаб ва курс, инчунин тарзи истеъмоли онхо баён гаштаанд. Гайр аз ин, у дар асараш дар бораи хусусиятхои доруии баъзе захрхо, дорухои зидди хашарот, тарики ивази як дору ба доруи дигар (хангоми дарёфт нашудани доруи даркори), инчунин оид ба вазни ченакхои тибби низ маълумот додааст. «К. К.» дар омузиши таърихи дорушиносии шарк ахамияти калон дорад. Аз «К. К.» ду нусха дастхат маълум буда, яке дар китобхонаи Берлин ва дигаре тахти раками 3925 дар фонди дастнависхои Ин-ти шаркшиносии АИ узбекистон махфузанд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vulqon

ВУЛКОН ЧИСТ?

ВУЛКОНХО Харорати он то + 1500°С мерасад, дар сатхи замин 900-1200°С ташкил мекунад ва охиста …