Главная / Илм / «КАРОБОДИНИ КАБИР»

«КАРОБОДИНИ КАБИР»

kabir«КАРОБОДИНИ КАБИР», асари Мухаммадхусайн ибни Мухаммади Окили дар боби тиб. С. 1770 таълиф шудааст. Муаллифи «К. к.» дар Хиндустон умр ба сар бурдааст ва бо номи «Махзану-л-адвия» асари дигаре низ дорад. Мукаддимаи «К. к.» аз бист фасл иборат аст: фасли якум доир ба гизою даво ва ахамияту фаркияти онхо; фасли дуюм дар баёни хусусият ва таъсири хар яке аз гизову дорухо; фасли сеюм оид ба мизоч, маърифат ва дарачоти онхо; фасли чахорум дар бораи тарики маърифати мизочи адвия ва агзия (гизохо) ба тачриба ва киёс; фасли панчум доир ба эхтиёч ба таркиби адвия (дар ин чо доир ба фаркияти хосият ва таъсири давохои муфрада ва мураккаба сухан меравад); фасли шашум оид ба таркиби адвия ва истихрочи микдори шурбати (чуръаи) онхо (ин фасл дар бораи тайёр кардани дору ва меъёри истеъмоли он бахс мекунад); фасли хафтум дар бораи мизочи дорухои мураккаб ва тарики истихрочи онхо (ин фасл ба шинохтани мизочхои адвияи мураккаб ва рохи истеъмоли ин дорухо оид аст); фасли хаштум оид ба тарики истихрочи микдори шурбати мураккабот; фасли нухум доир ба аъмоли (умри) баъзе адвияи муфрада (ин чо аз хусуси нигохдошт, яъне бакои куввати давохои муфрад ба тарики мухтасар сухан меравад); фасли дахум дар бораи фахмидани тарзи таъсир ва аъмори адвияи мураккаба; фасли ёздахум дар баёни сабаби ихтилофи табибон дар мохият ва хавоси (хосиятхои) адвия (ин чо аз хусуси сабабхои гуногун доштани мулохизахои табибон оид ба мохият ва хусусиятхои давохо сухан меравад); фасли дувоздахум оид ба тарикаи ёфтани адвия, эхтиёту сиёнати (нигохдории) онхо; фасли сездахум дар баёни одоби таом хурдан, об нушидан ва атъимае (таомхое), ки чамъи онхо ба хам муносиб нест (дар ин фасл оид ба риоя кардани коидаи истеъмоли таому об ва эхтиёт шудан аз истеъмоли муштараки як таом бо таоми дигар сухан меравад); фасли чахордахум дар бораи тарики сухтан, беравган бирён кардан, дар магзи хамир, гил, латтаи тар ва г. печонида дар кури оташ пухтан, шустан ва устувору тобовар кардани давохо бар таъсири мухит ва г.; фасли понздахум дар баёни маърифати афъоли адвияи муфрада ва хавоси онхо (дар ин фасл феълхои кулли ва чузъии давохои муфрада, хусусиятхои онхо ва истилохоти сифатхои умумии адвия баён ёфтаанд); фасли шонздахум дар бораи баъзе истилохот (дар ин фасл муаллиф баъзе истилохоти тиббиро ба тарики мунтахаб чамъ оварда шарх додааст); фасли хабдахум оид ба худуди амроз ба тартиби хуруфи тахаччи (ин чо истилохоте, ки махз ба иллат ва бемори дахл доранд, ба низоми алифбои араби дар услуби энсиклопеди шарх дода шудаанд); фасли хаждахум дар хусуси ченакхои вазни ва хачми тибби, шаръи ва ченакхои кишвархои гуногун; фасли нуздахум дар бораи таъсири гуногуни сайёраи сабъа, яъне хафт сайёра – Зухал, Муштари, Миррих, Шамс, Зухра, Уторид ва Камар ба давохои аз чорунсур таркибёфта; фасли бистум оид ба инкишофи илми тиб дар мархилахои таърихи ва варосати хазокат (махорат) аз силсилаи ачдод то худи муаллиф бахс мекунад.
Кисми шархи шифоият ва тартиб додани давохои мураккабро муаллиф ба ду китоб чудо кардааст, ки 48 боб ва 359 фаслро дар бар мегирад. Дар аввали шархи боб у хар як истилохеро, ки ба нусхаи давохо дахл дорад ва бо харфи навбатии алифбои форси огоз меёбад, муфассал шарх додааст. Тарзи баёни давохои мураккаби «К. к.» аз диг. карободинхо фарк дорад. Муаллиф давои муфрадаро пояи асосии таркиб кабул карда, ба он давохои дигарро хамрох намудааст ва нусхаи давохоро тартиб дода аз руи алифбои форси чо ба чо гузоштааст.
Ад.: Энциклопедияи Советии Точик, ч. 8, Д., 1988.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …