Главная / Илм / КАРИЮ ГУНГи

КАРИЮ ГУНГи

kariyu-gungiКАРИЮ ГУНГи (Surdomutismus), холати лоли ва гушкарие, ки модарзод ё айёми кудаки пайдо шудааст. Кудаки гушаш вазнини модарзод гап заданро мустакил аз худ карда наметавонад, зеро ба одамони атроф иртиботи нутки надорад. Агар кобилияти сомеаи вай овони кудаки гум шуда бошад, пас он захираи калимахое, ки каблан дошт, тадричан аз байн рафта, К. г. огоз меёбад. Аз хамин сабаб ташхиси бармахали гушвазнини ё карии тифл бахри андешидани тадбирхои муоличави зарур буда, аксар вакт натичаи мусбат медихад. Аз ин ру мухим аст, ки модар ва наздикони у кудаконро тахти назорати доимии худ гиранд. Агар онхо аз карии тифл пай баранд, пас уро хатман назди духтури оториноларинголог бурдан лозим аст. Усулхои замонавии тахкикот барои муайян намудани дарачаи карии хатто кудаки ширмак низ имконият медихад. Баъзан гум шудани кобилияти сомеаи тифл ба аденоидхо вобаста аст. Дар ин маврид бо усули чаррохи аденоидхоро гирифта мепартоянд. Агар кари илочнопазир, яъне натичаи инкишофи номукаммали гуши даруни, сарсом ё зарбу лат бошад, он вакт диккати асоси ба таракки додани нутки кудак равона мешавад. Бинобар ин, таълими кару гунгон хар кадар барвакт огоз ёбад, натичааш хамон кадар бехтар аст.
Муассисахои махсуси сурдопедагоги мавчуданд, ки дар он чо кару гунгонро нутки хатти ва шифохи меомузанд. Хануз дар а. 16 барои омузиши К. г. алифбои дасти ё ангушти пешниход шуда буд. Ба кару гунгон азбар кардани нутки хатти ва алифбои дасти нисбат ба нутки шифохи осонтар аст, зеро онхо овозхоро дар нутки шифохи асосан бо кувваи босира (аз харакати лабхо) дарк мекунанд. Ба омузиши нутки шифохи мавчудияти осори сомеа – бо ном чазирачахои шунавои мусоидат менамоянд. Онхо ба кару гунгхо имконият медиханд, ки овозу задахоро шунаванд, баъзе овозхои садонок ва хатто хамсадохоро фарк кунанд. Дар ин гуна маврид асбобхои шунавои, ки овозхои алохидаро интихобан таквият медиханд, кумаки калон мерасонанд.
Дар чумхури мо системаи томи таълиму тарбияи кудакони кару гунг бунёд ёфтааст. Дар яслию богчахои махсуси кудакон доир ба ташаккули нутки шифохи ва хатти, такмили бакияи кобилияти соме кори мунтазам бурда мешавад. Кудакон дар он чо тарбияи чисмони, фикри ва ахлоки мегиранд. Аз 7-солаги ба мактабхои махсуси кару гунгхо дохил мешаванд; дар он чо таълими нутк идома меёбад. Машгулиятхо ба тарзи фарди мегузаранд, синфхонахо бо асбобхои акустикии замонави чихозонида шудаанд. Кару гунгон баробари таълими нутк дар устохонахои таълимию истехсоли (харроти, челонгари, дузандаги, дуредгари ва г.) касб меомузанд. Онхо баъди хатми мактаб метавонанд тахсилро дар мактаби оли давом диханд.
Кару гунгхо дар мамлакати мо шахрвандони комилхукук буда, дар хаёти сиёси, иктисоди ва чамъияти фаъолона иштирок мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …