Главная / Илм / КАРГАС дар Канзи Шифо (Китоб)

КАРГАС дар Канзи Шифо (Китоб)

kargas-660x330Ин аз чумлаи парандахои дарранда аст бузургчусса, рангаш кариб ба укоб монанд ва моил ба сурхи, параш монанди най миёнхоли мебошад. Чашми бисёр тез, лоша ва туъмаро аз масофаи хеле дур мебинад ва буяшро хам эхсос мекунад. Инчунин, ба чохои хеле дур парвоз карда метавонад. Дар вакти хоб як чашмашро намепушонад — ин аз сабаби гармии мизочи он аст. Мувофики кавл ва мушохидахои донишмандони кадим каргас хазор сол умр ба сар мебарад. Хар сол як адад тухм мегузорад ва аз он бача бармеорад.

Мизочаш дар дарачаи севум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: гушташро бихуранд, чингак шудани аъзоро дафъ мекунад. Хун ва захраашро бо об даромехта, хафт маротиба ба чашм кашанд ва молидани он ба атрофи чашм, гули чашм ва фуромадани зардобро дар гавхараки чашм дафъ мекунад, торикии чашм ва кутури онро ба ибро меоварад.

Хох захра ва ё майнаашро ба микдори 0,25 грамм ба вазни он катрон ва равгани зайтун даромехта, дар бини бирезанд, махав ва девонагиро дафъ мекунад. Равганашро об карда, нимгарм чанд бор дар гуш чаконанд, кари кадимро шифо мебахшад. Равгани онро бихуранд, сурфаро дафъ месозад. Гушташро бихуранд, бодхои гализро тахлил медихад, иловус ном дард ва варами рудахои борикро шифо мебахшад, гиреххои баданро мекушояд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, инчунин, балгамро меканад.

Зарараш: хамчун гизо радди, яъне бад ва аз он моддахои бад хосил мешавад — давои ин дорчини ва сирко хурдан аст. Тухмашро бимоланд, закарро дар се руз кави мегардонад. Хокистари муйи онро бимоланд, кутур, хориш ва захмхоро дафъ мекунад. Саргинашро бимоланд, доги кунчидакро нест менамояд ва варами шадиди гулуро, ки дар Бангола бештар ба хам мерасад, дафъ мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …