Главная / Илм / КАРДИОСТИМУЛЯТСИЯ

КАРДИОСТИМУЛЯТСИЯ

kardiostimulyatsiyaКАРДИОСТИМУЛЯТСИЯ (Cardiostimulatio; аз кардио… ва лот. stimulato – ангезиш), тавассути барк тахрик додани дил; яке аз усулхои табобати ночурихои зарби дил, ки тавассути асбобхои махсус – кардиостимуляторхо гузаронда мешавад.
Кардиостимулятор генератори доимии импулсхои электрии дар даврахои муайян такроршаванда аст. Он вазифаи укдахои асабро ичро карда, автоматизми фаъолияти дилро, ки хоси одами солим аст, ба низом медарорад. Кардиостимулятор аз ду кисми асоси – электродхо (бештар ба мушаки дил – миокард насб мекунанд) ва манбаи электр иборат аст.
Асбобро метавон барои тахрики доимии дил истифода бурд. Онро тавассути чаррохи дар бадани инсон чойгир мекунанд: электродхоро дар миокард, манбаи энергияро ба зери пусти шикам, сандуки сина ё зери каш чой медиханд. Кардиостимулятори радиобасомадро бемор барои фуру нишондани алоими тахикардия истифода мебарад. Хамчунин стимуляторхое ихтироъ шудаанд, ки хангоми суст ё зиёд гаштани басомади таппиши дил ба таври автомати ба кор даромада фаъолияти онро ба низом медароранд. Аз с-хои 70 инчониб усули аз вариди даст ё гардан бевосита ба чавфи дил (меъдачаи рост) гузарондани электродхоро кор карда истодаанд. Холати электродхо дар рафти муоинаи рентгенологи бо ёрии дастгоххои махсусе, ки асбобхои табдили электронию оптики доранд, назорат карда мешавад. Кардиостимуляторро барои муоличаи беморони синну солашон гуногун истифода бурдан мумкин аст. Ин кор дар муассисахои чаррохии дил ичро карда шуда, аксар вакт натичаи хуб мебахшад. Баъди К. бемор бояд ба набзи худ (суръати он хама вакт як хел, такр. 68 ¬¬¬– 80 зарб дар як дакика мешавад), инчунин ба холати захмхои баъди чаррохи, ки баъзан мадда мекунанд, назорат кунад.
Баъзан дар натичаи шикастани электродхо ва мухаррикхо нуксонхои техники ба амал меоянд. Чунин холат чаррохии нав ва бартараф кардани иллатхоро талаб менамояд. Агар манбаи энергия тамом шавад, онро иваз мекунанд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

lazzati-gizo

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ГИЗО

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ГИЗО, тавобил, моддахое,ки барои бехтар кардани мазаи хурок истифода мешаванд. Ба М. забуда, …