Главная / Илм / КАРДИОСКЛЕРОЗ

КАРДИОСКЛЕРОЗ

kardiosklerozКАРДИОСКЛЕРОЗ (аз кардио… ва sklerosis – сахт шудан, сахти), кисман иваз шудани бофтахои миокард ба бофтахои пайванди. К. дар чойхои мавтшудаи наххои миокард бинобар миокардит, миокардиодистрофия, сактаи дил ва г. инкишоф меёбад. К. мунташир (диффузи) ва манбаи мешавад. Хангоми К.-и мунташир унсурхои бофтаи пайванди дар сатхи миокард нисбатан баробар густариш меёбанд. Аломати К.-и мавзеи дар сатхи миокард ба вучуд омадани китъахои нисбатан хурд ва калони бофтахои пайванди (хадшахо) мебошад. К.-и мунташир бинобар якмаром осеб ёфтани мушаки дил, К.-и мавзеи бошад чун окибати сактаи дил (К.-и баъдисактави), баъзан чун анчоми илтихоби манбаи пайдо мешавад. К.-и мунташирро хангоми бемории камхунии дил (ишемия) бисёр вакт К.-и атеросклерози (вобаста ба пайдоиш) меноманд; вай метавонад якчоя бо К.-и манбаии баъдисактави рух намояд.
Зухуроти К. ба чойгири ва густариши он дар миокард вобаста аст. Чи кадаре, ки фоизи массаи бофтаи пайванди аз фоизи массаи миокарди солим зиёд бошад, ихтилоли низоми дил хамон кадар меафзояд.
Хангоми ташхиси К. беморихое, ки дар гузашта аз сар гузаронда шудаанд (миокардит, сактаи дил ва г.), инчунин дамкутохи, варам, акросианоз, экстрасистолия ва г. ба назар гирифта мешаванд. Барои ташхиси аник аз усулхои электрокардиография, эхокардиография, тадкики радиоизотопии миокард истифода мебаранд.
Муоличаи беморони гирифтори К. аз бехтар сохтани фаъолияти наххои бокимонда (солим)-и миокард иборат аст: кам кардан ё зарур будани машкхои чисмони, варзиши шифои, витаминхо, дорухои рибоксин, оротати калий ва г. Барои табобати К. хамчунин аз дорухои пешоброн истифода мекунанд. Баъзан зарурати кардиостимулятсия ба миён меояд.
Фарчоми К. ба дарачаи зухурот ва тарзи пайдоиши он вобаста аст. Хангоми халал наёфтани гардиши хун ва кори дил окибати К. одатан бад нест. Барои хаёт хусусан падидахои тахикардияи пароксизмии меъдачаи ва инхисор (блокада)-и пурраи дахлезу меъдачахо хавфнок мебошанд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vitaminhoi-b1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи муътадили моддахо (хусусан ангиштобхо ё карбогидратхо) зарур аст. …