Главная / Илм / КАРДИОНЕВРОЗ

КАРДИОНЕВРОЗ

kardionevrozКАРДИОНЕВРОЗ (Cardioneurosis), ихтилоли рухию чисми, ки дар мавриди он фаъолияти силсилаи дилу рагхо табох мегардад. К. бо аломатхои хисси фишору тазйик ва дард дар мавзеи дил (кардиалгия), тез шудани таппиши дил ва бесуботии низоми он (тахикардия, экстрасистолия), баланд шудани фишори хун, серараки, хунук гаштани дасту по, дермографизми сафеди устувор ва г. падид меояд. Аз нигохи рухи дар маризон зухуроти парешонхотири, афсурдарухи, хуручи тахлука, ки марбут ба омолхои беруни намебошанд, ба мушохида мерасад. Дар чунин маризон зери таъсири хуручи тахлука низоми кори дил тагйир ёфта, хисси чарх задани сар ва сустию бехоли ба вучуд меояд, эхсоси ба китфи чап ва байни шона гузаштани дард пайдо мешавад. Муоличаи К. вазифаи духтури амрози рухи ва кардиолог мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …