Главная / Илм / КАРДИОМЕГАЛИЯ

КАРДИОМЕГАЛИЯ

kardiomegaliyaКАРДИОМЕГАЛИЯ (Cardiomegalia), дилкалони, аз андозаи мукаррари бузург шудани дил. Мумкин аст як ё хар чор дахлези дил калон шавад. Мукаррар кардани он ки кадоме аз дахлезхои дил калон аст, кори душвор буда, тадкикоти махсусро такозо мекунад. Дар одамони тандуруст андоза ва сохтори дил вобаста ба конститутсия, геометрияи сандуки сина, тарзи чойгирии дил дар кафаси сина, давраи нафаскаши хангоми тадкикот ва усули кор гуногун мебошад. Дили хурд хамеша нишонаи муътадилии он нест; дили калон низ маънои бемории миокард ё осеби даричахои дилро надорад.
К. дар мавриди муоинаи физики ё бисёр вакт рентгенографияи сандуки сина мукаррар карда мешавад. Калон шудани дилро, одатан, факат баъди васеъ гаштани чавфи он ошкор менамоянд. Гипертрофияи возехи меъдачахои дил бидуни васеъ шудани чавфи он муддати мадид аз назар пинхон мемонад. Аз 10 то 20 мм гафс гаштани девораи меъдачаи чапи дил далели гипертрофияи возех аст, вале як сантиметри зиёдатиро дар мавриди муоинаи физики ё рентгенографияи сандуки сина наметавон ошкор сохт.
Дар сурати гумонбар шудан аз К. духтур бояд сабаби онро мукаррар созад. Бинобар ин барои ташхиси К. силсилаи дилу рагхоро мудом тадкик кардан лозим аст. Бисёр вакт дар мариз аломатхои бемории дил мушохида мешаванд. Азбаски дар одамони калонсол К. бисёр вакт ба васеъ шудани меъдачахои чап ё рост вобаста аст, хангоми гундоштани анамнез махз ба ихтилоли фаъолияти меъдачахо эътибор додан лозим меояд. Хусусан дар мавриди ороми ё кори чисмони дамкутох шудан ё нашудани бемор ба ташхиси К. кумак мерасонад. Хуручи дард дар сандуки сина, мавчудияти парикардит, тарбод, гипертензияи шараёни, диабети канди, беморихои сироятии аз сар гузаронда, дилбастаги ба истеъмоли шароб, истифодаи дорухо (гидролазин, новокаинамид, метилдоф, адриамитсин) ва диг. омилхо низ бахри ташхиси К. ахамияти калон доранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …