Главная / Илм / КАРДИОЛОГИЯ

КАРДИОЛОГИЯ

kardiologiyaКАРДИОЛОГИЯ (аз кардио … ва … логия), яке аз сохахои илми тиб, ки ба омузиши сохт ва вазифахои системаи дилу рагхо, сабаб ва механизми беморихои дил, дарёфти усулхои муоличаю пешгирии онхо машгул аст. К. хамчун илм ва фанни амали аз даврахои кадим арзи вучуд мекунад. Дар тахкики хусусиятхои анатомию физиологии силсилаи дилу рагхо ва чамъбасти маълумоти давр рочеъ ба ташхису табобати амрози дилу рагхо сахми олими точик Абуали ибни Сино бузург аст. Асархои у «Ал-Адвияту-л-калбия» («Дорухои дил»), «Рисолаи набз», инчунин усулхои санчиши кори дил, ба монанди ангуштзани (перкуссия) ва г., ки у пешниход кардааст, дар халли масъалахои ташхису табобати беморони гирифтори амрози дил макоми намоён доранд.
Дар инкишофи К. дар а. 19 ва авв. а. 20 В. Гис, Л. Ашофф, олимони шурави С. П. Боткин, И. М. Сеченов, И. П. Павлов, А. Л. Мясников, Н. Н. Аничков ва диг. сахми босазо гузоштанд. Аз миёнаи а. 20 сар карда инкишофи усулхои ташхиси холати силсилаи дилу рагхо барои истифодаи чаррохи дар табобати онхо имконият фарохам овард. С. 1964 чаррохи кейптуни К. Барнард аввалин шуда дар таърихи тиб чаррохии иваз кардани дилро гузаронид.
К.-и муосир бо асбобхои мураккаби ташхиси ва табобати чихозонида шудааст; барои гузаронидани табобати таъчили ва реаниматсия умури махсус вучуд дорад, ки он имкон медихад сактаи дил, тромбоэмболияи рагхо ва диг. беморихо муолича карда шаванд. Дар К. барои муоличаи беморон усулхои табобати гайричаррохи, табобат дар санаторияю курортхо ва чаррохиро истифода мебаранд. Чаррохи барои бархам додани нукс ва иллатхои дилу раг, бо хун бехтар таъмин шудани мушакхои дил, дасту пойхо ва г. гузаронда мешавад.
К. дар Точикистон умури махсус буда, максади он ёрии саривакти ба ашхоси гирифтори беморихои дил аст. Расондани кумак ба одамони гирифтори амрози шадиди дил зина ба зина сурат мегирад: бригадаи ёрии таъчили – бригадаи кардиологии ёрии таъчили (дар мавриди тахдиди хавф бо даъвати наздикони бемор бевосита ба кумак мешитобад) – шуъбаи (блоки) табобати – шуъбаи махсусгардонидаи реабилитатсияви (табобати баркарорсозанда) – санаторияи махсуси кардиологи. Дар хама зинахои ёрии кардиологи аз асбобхои замонавии ташхису табобат истифода бурда мешавад.
Таърихи инкишофи К. дар Точикистон ба рушду инкишоф ва дастоврадхои К. – и назари ва амали дар Европа, Осиё. Америка, хусусан Россия сахт вобастаги дорад. Диспансери аввалини К. дар ш. Душанбе с. 1970 бо ташаббуси проф. А. Я. Орифов ва дастгирии бевоситаи акад. АИТ Россия Е. И. Чазов ташкил карда шуда буд. С. 1985 дар назди кафедраи фармакологияи клиникии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино курси К. – и клиники таъсис дода шуд, ки с. 1990 ба кафедраи мустакил табдил ёфт. Аз с. 1993 кафедра дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Точикистон фаъолият дорад. Сахми устодони кафедра дар кори тарбияи мутахассисон – кардиологхо дар интернатура, ординатура ва аспирантура багоят калон аст.
С. 1991 дар чумхури Ассотсиатсияи кардиологхо ташкил шуд. Он с. 1992 ба Ассосиатсияи кардиологхои чумхурихои Осиёи Маркази ва с. 1995 ба Ассотсиатсияи кардиологхои ИДМ шомил гашт. Сент. с. 1993 Конфронси 1 – уми чумхуриявии Ассотсиатсияи кардиологхо баргузор шуд (ш. Кулоб). Кардиологхои точик дар кори Конгрессхои I (Бишкек, 1993), II (Алмаато, 1995) ва III (Ташкент, 1997)-и Ассотсиатсияи кардиологхои чумхурихои Осиёи Маркази ширкат доштанд.
Кардиологхои чумхури дар робита ба омузиши масоили актуалии беморихои мавзеи (региони), кардиологияи баландкуххо, густариши беморихои дилу рагхо ва омилхои хавфпазири онхо дар мавзеъхои гуногуни Точикистон, дарёфт ва дар амал чори намудани технологияи нави ташхису муолича ва пешгирии амрози дилу рагхо сахми назаррас гузоштаанд. Дар ин бобат хусусан сахми акад. АИ ЧТ Х. Х. Мансуров, узви вобастаи АИ ЧТ Н. Х. Хамидов, профессорон А. Я. Орифов ва Н. Л. Попова, дотсентон З. С. Косимова ва З. Я. Рахимов арзанда аст. Рушду инкишофи чаррохии дилу рагхо дар Точикистон ба номи академикон К. Т. Точиев ва Н. У. Усмонов, узви вобастаи АИ ЧТ Т. Г. Гулмуродов, профессорон А. Ч. Гоибов ва Ч. Д. Султонов вобастагии ногусастани дорад. Эшон оид ба аортографияи транслюмбали хангоми алоими Периш, перикардитхо, чаррохии дил бо истифода аз дастгохи хунгардиши сунъи, аневризмахои шохраги кафаси сина, пластикаи нукси девораи байни меъдачахои дил, чаррохии тармимии дил хангоми нукси модарзод ва гайримодарзодии он пажухишхои чолиб анчом доданд. С. 1981 дар ш. Душанбе Маркази чумхуриявии кардиологи ташкил шуд. Он с. 1998 бо тачхизоти ташхису табобатии навтарин мучаххаз гашт. Ин имкон дод, ки амрози дилу рагхо дар даврахои аввали пайдоиш ошкор ва табобат карда шаванд. Дар маркази вилоятхо низ диспансерхои кардиологи фаъолият доранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …