Главная / Илм / КАРДИАЛГИЯ

КАРДИАЛГИЯ

kardialgiyaКАРДИАЛГИЯ (Cardialgia), дард кардани мавзеи мушакхои дил. К. метавонад аломати бемории рагхо, сактаи дил, стенокардия ва г. бошад. Дар натичаи беморихои илтихоби, мас., миокардит ё перикардит, ихтилоли мубодилаи моддахо дар мушаки дил, суиистеъмоли машруботи спиртдор, беморихои сутунмухра, асабхои наздик ба дил, остеохондрози мухрахои гардан, невралгияи байни кабургахо, беморихои рохи меъдаю руда, амрози шуш ва пардаи он, дистонияи нейросиркуляри низ падид омадани К. аз эхтимол дур нест.
К. одатан дар холати ороми ба вучуд меояд. Эхсоси дард бардавом буда, шадид нест. Агар одам сахт хаста ё асабони бошад, бемори хуруч мекунад. Дард бештар дар мавзеи синаи тарафи чап ба вучуд меояд. Дар аснои К.-и шадид дард метавонад ба диг. мавзеъхои атрофи дил низ пахн шавад. Хангоми К. хисси нарасидани хаво, номураттабии кори дил, бекарори ба мушохида мерасад, сар дард карда чарх мезанад, фишори хун баланд мешавад.
Муоличаи К. зери назорати духтур сурат мегирад. Бемор бояд ба речаи кору истирохат эътибори хоса дихад, хуроки сергизо истеъмол намояд, дар хавои тоза бештар гардад. Ором будани асабхо дар кори пешгирии К. хеле мухим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …