Главная / Илм / КАРБОГИДРИДХО

КАРБОГИДРИДХО

karbogidrathoКАРБОГИДРИДХО, синфи пайвастхои органики, ки молекулаашон танхо аз атомхои карбон ва гидроген таркиб ёфтааст. К. аз чихати сохти молекула асикили ё худ алифати (карбогидридхое, ки дар молекулаашон атомхои карбон бо хам хатти ё шоханок пайваст шудаанд) ва изосикли ё худ карбосикли (карбогидридхое, ки молекулаашон шакли халкаги доранд) мешаванд. К.-и гурухи изосиклиро дар навбати худ ба алисикли ва аромати ва К.-и гурухи асиклиро бошад, ба сер ва носер чудо мекунанд. К.-и алисикли хам серу хам носер мешаванд. К. катори гомологи хосил менамоянд, ки конунияти тагйир ёфтани хосиятхои физикию химиявии моддахоро нишон медихад.
Бисёр К. ба организм зарар мерасонанд. Хавфи зиёни касбии К. дар зудбухор будани онхост. К. ба организми коргарон хангоми нафас гирифтани буг ва махсули газмонанди онхо рох меёбанд. К. имкон дорад, ки хатто аз пусти солим низ ба организм ворид шаванд. Хамаи К. захрхои нейротропи мебошанд; баъзеи онхо метавонанд омосхои саратониро ба вучуд оранд. Захролудии шадид аз К. хангоми дар таркиби хаво аз меъёр зиёд будани онхо рух менамояд. Вале бинобар дар об ва хун кам хал шудани буги К. онхо аз организм ба воситаи шуш зуд хорич карда мешаванд.
Бо максади пешгирии захролуди аз К. дар коргоххое, ки одамон бо онхо сарукор доранд, бояд коидахои бехатарии мехнат катъи риоя карда шаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …