Главная / Илм / КАРАНТИН

КАРАНТИН

karantinКАРАНТИН (Quarantine; итал. qarantena, аз quaranta giorni – чил руз), тадбирхое, ки бахри пешгири кардани густариши беморихои сирояти (тоун, вабо, нагзак ва г.) андешида мешаванд. К. аввалин маротиба дар Италия (а. 14) ба вучуд омадааст; киштихоеро, ки аз махалхои вабозада меомаданд, дар бандар чил руз нигох медоштанд.
Хангоми хатари пахн гаштани беморихои сироятии нихоят хавфнок шахсони алохида, оилахо, коллективхои гуногун (богчаи бачагон, хобгох, кисми харби, кишти, эшелон ва г.), махалхои ахолинишин ва хатто нохия ба К. гирифта мешаванд. Хангоми К. бидуни обсерватсия аз минтакае, ки карантин эълон шудааст, баромадан манъ мебошад. Ба шахсоне, ки дар карантинанд, варакаи бемори дода мешавад (онхо дар асоси он музди мехнат мегиранд). Мухлати итмоми К. аз давраи изолаятсияи бемори охирон то дезинфексияи нихои хисоб карда мешавад (баъди ин К. боз хангоми тоун 6 ва вабо 5 шаборуз идома меёбад). Истилохи «карантин»-ро баъзан дар беморхонахо, муассисахои бачагона ва г. хангоми хуручи грипп, махмалак, сурхча ва диг. беморихо истифода мебаранд. Вале дар ин маврид он ба маънои илмиаш мувофик нест.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …