Главная / Илм / КАРАНФУЛ

КАРАНФУЛ

karanfulКАРАНФУЛ (Syrygium aromaticum), мехак, каранфур, каранфули гардан, дарахтест хамешасабз; як навъ хушбуиро гуянд, ки аз гунчаи хушконидаи гулхои К. хосил мекунанд. Баргаш дурушти чармгун, гулаш майдаи чорбаргаи сафед, гулоби ё сурх. Хушагулаш чатршакл. Мевааш аргувони, яктухма, ба ангури сагак монанд аст. Ватани К. чаз-хои Молукка махсуб мешавад. Онро дар бисёр мамлакатхои тропики мепарваранд.
К.-ро дар канноди, саноати консерв, тамоку, атриёт кор мефармоянд. Аз хусусиятхои шифобахшии К. Букрот (Гиппократ), Закариёи Рози, Мувафаккудин Абумансур Алии Хирави, Абуханифаи Диновари, Абурайхони Беруни, Абуалии Сино ва диг. хабар додаанд. Бино ба маълумоти Ибни Сино истеъмоли К. кувваи босираро зиёд мекунад, ба чигар ва меъда таквият мебахшад, кайро бозмедорад, дахонро хушбуй мегардонад. Хама узвхои К. равгани эфир (то 18  дорад, ки 96% аз эвганол иборат аст. Дар Хитой равгани эфири К.-ро барои табобати амрози пуст истифода мебаранд. К. аз кадимулайём чун давои таскинбахши дарди дандон ва хушбуии нафас маъмул аст. Агар онро бихоянд, милки дандонхоро мустахкам менамояд. Табибони халки бо чушоби К. беморихои чашмро даво месозанд. Махин ос карда чун сурма ба чашм кашидани К. биноиро таквият мебахшад, сурхи ва пардаи афтодаеро, ки чашмро торик месозад, дафъ мекунад. Агар К.-ро бихуранд, меъдаро кувват мебахшад, оруг ва хиккакро таскин медихад, бодхои гализи аз гизохои бадхазм пайдошударо тахлил медихад, чакмезак ва беихиёр равон шудани пешобро ба сомон меорад.
Ба акидаи табибони халки агар К.-ро бихуранд, руххои нафсони, хайвони ва табииро кувват мебахшад, узвхои раиса (дил, майна, чигар, меъда, гурда ва г.)-ро мустахкам мекунад, гиреххои магзи сарро мекушояд, сурфаи тар, зики нафас, дилтапакро шифо медихад. Агар 1,75 г онро куфта, бо шири навдушида хар руз бихуранд, бохро багоят ба харакат меоварад. Хурдани К. ба гурда ва рудахо зарар дорад.
Ад.: Скляровский Л. Я., Целебное свойства пищевых растений, М., 1972; Жизнь растений, т. 5, ч.2, М., 1981; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …