Главная / Илм / КАРАМ

КАРАМ

karamКАРАМ, сабзавотест маъмул. К. сабзавоти кадимист. 4 хаз. сол пеш баргкарам, гулкарам, карамшалгам, каллакарам ва г.-ро мепарвариданд. Бино ба маъхазхои таърихи, каллакарами сафед аслан аз мамлакатхои сохили б. Миёназамин аст. Каллакарами сафед маъмултарин навъи К. буда, дар тамоми мамлакатхо парвариш мешавад. К. ба микдори зиёд карбогидратхо, сафеда, намакхои минерали ва витаминхои С, А,В, РР, К дорад. К.-ро тару тоза, пухта, дам карда ва очоронида истеъмол мекунанд.
К. хазми хурокро бехтар сохта, беморихои зангила, истиско ва никрисро пешгири менамояд. Оби К.- и тару тоза ахамияти хуби муоличави ва таъсири рафъи уфунат ва зиддиилтихобро дорад. К.-ро барои муоличаи беморихои зардпарвин, беморихои испурч, бронхит, касалии чигар, гастрит, колит, махсусан захми меъда ва рудаи дувоздахангушта истифода мебаранд. Куфтаи барги К.-ро ба руй мегузоранд. Он пустро нарму ботароват мегардонад (хусусан агар ба он асал ва як кошук йогурт илова карда шавад). Истеъмоли оби К. ба захми рудаи дувоздахангушта шифо мебахшад, дарунро тоза мекунад. Якчоя истеъмол намудани оби сабзи ва оби барги К. пайдоиши бемории пародонтозро пешгири менамояд. Рузе 2 – 3 маротиба истеъмол кардани 1 – 2 истакон оби ширгарми К. (пеш аз таом) давои гастрити музмин, беморихои чигар ва сипурз, камии шираи меъда махсуб мешавад. Оби К. бо канд сурфаи кухна ва гирифтагии овозро нафъ дорад, чушоби К. бо асал амрози рохи нафасро бартараф месозад. Дар мавриди беморихои сипурз оби К.-ро як соат пеш аз таом рузе 2 – 3 маротиба (1 – 2 истакони) истеъмол мекунанд. Хангоми саратони меъда ва руда, камхуни, бемории Базедов оби К. якчоя бо асал ё канд истеъмол карда мешавад. Ба банду бугум гузоштани барги тару тозаи К. дарди никрисро таскин мебахшад, 2 – 3 руз баста гаштани он ба экзема, радикулит нафъ мерасонад. Агар собуни чомашуиро аз турбтарошак гузаронида, шаб якчоя бо барги К. ба сутунмухра банданд, остеохондрозро шифо мебахшад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …