Главная / Илм / КАРАФС

КАРАФС

karafsКАРАФС (Apium graveolens), карафш, гиёхест дусола. Аз 20 то 150 см кад мекашад. Пояаш рост, сершох; баргаш пармонанд, гултудааш чатрнамо, гулаш майдаи сафед ё сабзтоб. Мохи июл гул карда, донаш авг. – сент. мепазад. Одатан дар заминхои партов, канори чуй, руди кухи, обанбор ё шибару ботлокчойхо меруяд. Дар кухи Мевагул, к. – куххои Туркистон ва нохияхои Точикистони Чануби (дар баландии 400 – 1500 м) вомехурад.
К. гиёхи доруии кадимист. Реша ва тухми онро аз кадим чун воситаи пешоброн истифода мебаранд. Бино ба маълумоти Абуалии Сино К. варамхоро мегардонад, кабзиятро мекушояд, арак меоварад ва дардро таскин мебахшад, барои сулфа, зики нафас, чигар ва сипурз муфид аст, пешоб ва хайзро меронад. Хама кисмхои К. гурда, масона ва бачадонро тоза мекунад. Тухми К. барои обхура давои хуб аст, кабзияти чигар ва сипурзро рафъ месозад, давои бодрон, киччарон ва пешоброн мебошад. Дарди санги гурда, масона ва миёнро таскин мебахшад. Бино ба маълумоти муаллифи «Махзану-л-адвия» кисми аз хама пуртаъсири К. реша, сипас тухм ва барги он мебошад. Тухми К. то 2 сол ва решааш то 3 сол кобилияти шифобахширо гум намекунад.
Дар тибби халки накеъи решаи К.-ро хангоми заъфи узвхои хозима, камиштихои ва чун омили исхоловар рузе 3 – 4 маротиба 1 чумча менушанд. Шираи решаи тару тозаи онро хангоми беморихои гурда, накрис, асабдард, тарбод, саглес ва илтихоби пуст (рузе 3 маротиба 1 – 2 кошукча 30 дакика пеш аз хурок) тавсия медиханд. Чойи меваи К.-ро хангоми нафастанги, хиккак ва чун воситаи кайбанд менушанд. Аз барги тару тозаи К. доруи пешоброни «Сукапичравеол» тайёр мекунанд.
Ад.: Комаров Б. М., Определитель растений Северного Таджикистана, Д., 1967; Марков В. М., Овощеводство, М., 1974; Василенко Н. Г., Знаете ли вы эти овощи?, М., 1975; Чиков П. С., Лаптев Ю. П., Витаминные и лекарственные растения, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …