Главная / Илм / КАПИЛЛЯР

КАПИЛЛЯР

kapilyarКАПИЛЛЯР, мураг, муйраг, рагхои бориктарини магзи бофтахо. К. ду хел мешавад: К.-и хун ва лимфа. К.-хои хун дар байни хуну бофтахо функсияи мубодиаи газ ва моддахои дигарро ичро мекунанд. Диаметри онхо, одатан, аз 2,5 то 30 мкм мешавад. К.-хои васеъро синусоидхо низ меноманд. Девораи К. аз се кабат иборат аст: адвентисиали (беруни), базали (миёна) ва эндотели (даруни). Кобилияти гузаронандагии девораи К. пеш аз хама ба нуфузпазирии эндотелий вобаста аст. Варам кардани ядро ва ситоплазмаи хучайрахои эндотели дар К.-хои шараён боиси руст шудан ва дар хучайрахои К.-хои вориди бошад, боиси танг шудани сурохии онхо мегардад. К. дар хар як узв сохти махсус дорад. Мас., дар мушакхо кабати эндотелии он гафс ва кабати базали тунук, дар гурда бошад, кабати базали гафсу кабати эндотели тунук аст. К.-хои магзи устухон кабати базали надоранд. К.-хои лимфа кариб дар хамаи узву бофтахои одам ва хайвонот (ба гайр аз магзи сар, паренхимаи испурч, гиреххои лимфа, тагояк, чалидияи чашм) мавчуданд. Онхо факат аз кабати эпители иборат буда, вазифаи аз бадан баровардани фасод, моддахои моеъ, махлулхои коллоидии сафедахо, чисмхои бегона, бактерияхо ва г.-ро ичро мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …