Главная / Илм / КАНД

КАНД

kandКАНД, гизои маъмули ширин. Таркиби химиявии К. якхела буда, 99,75 фоиз сахароза иборат аст. К. зудхазм буда, организмро бо карбогидратхо таъмин мекунад.
К.-ро аз найшакар ё лаблабуи канд мегиранд. Солхои охир олимони як катор мамлакатхо афзоиши баъзе беморихо, аз чумла амрози дилу раг ва кариеси дандонро ба истеъмоли барзиёди К. вобаста медонанд. Аз ин сабаб бо диг. гизохо иваз намудани К. ё дар вояи хурок кам кардани микдори он тавсия дода мешавад.
Дар хакикат, истеъмоли К. дар мамлакатхои мутаракки дар сад соли охир борхо афзудааст. С-хои 70 а. 20 микдори он ба хар сари ахоли андаряк рузе 110 – 140 гиромро ташкил медод. Агарчи К. манбаи мухими глюкоза буда, барои кори магзи сар, мушакхо ва диг. узвхо зарур аст, тавсияи олимон оид ба кам кардани истеъмоли он асос дорад. К. пеш аз хама мансуби хурокворихо буда, калорияи он ба арзиши гизои мувофик нест. Агар одам К.-ро бисёр истеъмол кунад, дар вояи хурок микдори сафедахо, витаминхо, моддахои минерали кам мешавад. Зиёд будани калорияи К. (хангоми барзиёд истеъмол кардани он) боиси ихтилоли мубодилаи равган, фарбехи, зиёд гаштани холестерини хун мегардад. Дар натичаи истеъмоли якбораи микдори зиёди К. глюкозаи хун афзуда, гормони гадуди зери меъда – инсулин бисёр хорич мешавад. Ин холат ба гуншавии глюкоза дар намуди гликоген дар чигар, мушакхо ва кисман ба равган табдил ёфтани он мусоидат менамояд. Дар натича гилзат (консентратсия)-и К. дар хун кам шуда, одамро эхсоси гуруснаги фаро мегирад. Чунин таъсири К. фиреби хис аст, зеро он боиси пурхури ва фарбехии одам мегардад. Гайр аз ин, мунтазам ва барзиёд истеъмол кардани К. кори гадуди зери меъдаро вазнин карда, сабаби инкишофи диабети канди мешавад. Аз ин ру, хатто ба одамони солиме, ки бо кори чисмони ва спорт машгул нестанд, рузе на зиёдтар аз 50 – 100 г истеъмол кардани К. мувофики максад аст (ба ин махсулоти ширин, таом, конфет, махсулоти канноди, мураббо, чем, компот ва г. низ дохил мешавад). Гайр аз ин, истеъмоли К.-ро кам карда, бидуни маслихати духтур онро бо сахарин, ксилит, сорбит, фруктоза иваз намудан чоиз нест, зеро истифодаи мунтазами онхо барои саломати зарар дорад.
Дар айни хол истеъмоли микдори нисбатан зиёди К. барои одамоне, ки ба кори вазнини чисмони машгуланд, махсусан барои варзишгарон (рузе зиёда аз 100 г), комилан дуруст аст. Бо рафти синну сол истеъмоли К.-ро кам кардан лозим.
К. хосияти дар организм нигох доштани обро дорад, бинобар ин микдори он дар гизои муоличави бояд муътадил бошад, хоса хангоми варам кардани аъзо.
Дар мавриди баъзе беморихо (диабети канди, фарбехи) истеъмоли К. бояд хеле кам ё комилан катъ карда шавад. Дар ин сурат чун ширини аз ивазкунандахои К., хусусан сорбит ва ксилит, истифода мебаранд; сахаринро факат дар истехсоли машрубот ва махсулоти каннодие, ки барои беморони гирифтори диабети канд таъин шудаанд, кор мефармоянд. Ширинии сорбит аз ширинии К. ду маротиба камтар аст. Сорбит барои беморони диабети канд ва фарбех тавсия шудааст. Ксилитро низ ба чунин беморон тавсия мекунанд; он аз К. ду маротиба ширинтар ва нисбат ба сорбит хуштаъмтар аст. Гайр аз ин, ксилит талхарон ва исхоловар низ мебошад.
Ниг. низ Ксилит, Сорбит, Фруктоза.
Микдори такрибии канд дар баъзе гизохо
Махсулот Вохиди ченак Вазн,
бо г Микдори канд,
бо г
Шакар 1 кошукча 9 9
Рафинад 1 дона 7 7
Повидло 1 кошукча 15 10
Мураббо 1 кошукча 15 11
Пирожни 1 дона 75 34
Пичини 1 куттича 185 50
Яхмос 1 баста 75 12
Компот 1 истакон 175 39
Афшураи мева 1 истакон 175 26
Оби мева 1 истакон 175 16

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

lazzati-gizo

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ГИЗО

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ГИЗО, тавобил, моддахое,ки барои бехтар кардани мазаи хурок истифода мешаванд. Ба М. забуда, …