Главная / Илм / КАНА

КАНА

kanaКАНА, як гурух чонварони тортанакшакли бемухра. Зиёда аз 10 хаз. намуди К. маълум аст, ки дар хама чо пахн шудаанд. К. лунда ё байзашакл (андозааш аз 0,2 мм то 3 см) мешавад.
К. партовхои пусидаро мехурад ё дар чисми хайвонот ва растанихо хаёти туфайли ба сар мебарад; хуни хайвоноти ширхор ва одамро мемакад. К-хои хунмак ангезандаи беморихои одамро пахн мекунанд. Мас., К.-хои иксоди пахнкунандаи барангезандаи энсефалит, домана, туляремия, табларзаи марсели ва г. мебошанд. К.-хои иксоди дар чарогоххо, буттазор, чангал, дашту биёбон, куххо маскунанд. Онхо бисёр вакт ба хайвонот ва одам часпида мегиранд. Барои аз К. худро мухофизат кардан, либоси остинаш тугмадор, саргирак ва муза пушидан лозим аст. Агар ба либос репеллент пошед, боз бехтар аст. Хангоми дар мавзеъхои серкана кор кардан, хусусан бахор ва тобистон, рузе чанд маротиба сару баданро аз назар гузаронидан лозим. Хоса ба чинхои пуст эътибор бояд дод. К. – и ба бадан часпидаро бо ангушт ё пинсет охиста чунбонда-чунбонда мегиранд. Эхтиёт шудан лозим, ки хартумчаи он канда шуда, дар пуст намонад. Дар сурати канда шудани хартумча онро мисле, ки хорро аз бадан мебароранд, бояд охиста берун кард. Сипас ба чои захм йод ё спирт мемоланд.
Баъзе намуди К.-хои аргаси ангезандаи тифи рачъи ва К.-хои гамазоиди бошад, ангезандаи риккетсиози нагзакмонандро пахн мекунанд. К.-хои аргаси дар лонаи паррандагон, хайвонот, хонахои похсадевор сукунат доранд. Бинобар ин дар чойхое, ки эхтимоли мавчуд будани чунин К.-хо мавчуд аст, хайма задану хоб рафтан чоиз нест. Дар сурати нихоят зарур будани икомат дар чунин чойхо, пас каблан дорухои канакуш пошед (ниг. Дезинсексия).
К.-хои гамазоиди дар ру хок, зери баргхо, лонаи хояндагон, мургхонахо зиндаги мекунанд. К. – хои лонаи мушу калламушхоро бо рохи дератизатсия махв месозанд. К.-и мургон бо акарасидхо нобуд карда мешаванд.
Хангоми ба пуст расидани баъзе К-хо дерматит ва дар аснои ба пардаи луобии роххои болоии нафас рох ёфтани онхо назла пайдо мешавад. Баъзеи К.-хо дар дохили пусти одамон зиндаги мекунанд. Мас., К.-и гар бемории хоришак, К.-и гадуд бемории демодикоз ва г.-ро ба вучуд меоранд.
Гизое, ки бо К.-хо ва саргини онхо олуда шудааст, боиси беморихои меъдаю руда ва аллергия мегардад. Барои мухофизат аз К.-и хоришак риояи коидахои бехдошт ва алока накардан ба бемор зарур аст. Хангоми истифодаи моддахои химиявии канакуш коидахои бехатариро бояд риоя кард (истифодаи респиратор, айнаки мухофиз, дастпушак, либоси кории махсус ва г.).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …