Главная / Илм / КАМПИЛОБАКТЕРИОЗ

КАМПИЛОБАКТЕРИОЗ

kampilobakteriozКАМПИЛОБАКТЕРИОЗ, як навъ бемории сирояти, ки бо аломатхои зарар ёфтани рохи меъдаю рудахо падид меояд. Ангезандаи К. Campylobacter jejini буда, он хангоми чушондан зуд махв мешавад.
Манбаи ангезандахои бемори хайвоноти гуногун (гов, хук, гусфанд, паррандахои хонаги, сагу гурбахо, мушу калламушхо) мебошанд. Баъзан одам низ метавонад ангезандаи маризиро пахн кунад. Ангезандахо ба тавассути начосат хорич шуда, ба организми одам аз шир, гушт, сабзавот мегузаранд.
Давраи нихонии бемори 1 – 2, баъзан то 6 руз аст. Он ба таври шадид огоз ёфта, сустию бехолати, дилбехузури, кай ба вучуд меояд, зери кабурга дард мекунад. Харор. бадан баланд (38 – 40°), банду бугум ва мушакхо дардманд мешаванд, дарун меравад (начосат бадбуй аст). Бемори некфарчом аст. Барои пешгирии он ба коидахои тахияи гизо ва тозаги риоя кардан лозим.

Ш. Матинов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vitaminhoi-b1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи муътадили моддахо (хусусан ангиштобхо ё карбогидратхо) зарур аст. …