Главная / Илм / КАМХУНи

КАМХУНи

kamhuniКАМХУНи (Anaemia; аз юн. oin – хиссачаи инкори ва haima – хун), анемия, беморие, ки ба он кам шудани микдори эритроситхо ва гемоглобини хун хос аст. К. дар натичаи ихтилоли раванди хунхосилшави, талафи хун, вайрон шудани заррачахои сурхи хун (эритроситхо), нукси кори магзи устухон, ки узви асосии хунофар аст, пайдо мешавад. К. метавонад хангоми баъзе беморихо (мас., амрози сирояти) низ инкишоф ёбад. К.- и вобаста ба норасоии охан ва витамини В12 бештар пахн шудааст.
Охан чун моддаи химияви дар фаъолияти организм ахамияти калон дорад. Он барои хосил шудани гемоглобине, ки оксигенро аз шуш ба бофтахо мерасонад, нихоят зарур аст. Хангоми нарасидани охан кори гадудхои хозима, системаи асаб ва мушакхо вайрон мешавад.
К.-и оханнорасо асосан дар натичаи талафи хун ба вучуд меояд. Хунравии дуру дароз, мас., хангоми бавосир ё захми меъда ва рудаи дувоздахангушта, боиси К.-и сахт мегардад . Асосан занхое, ки дар вакти хайз хуни бисёр талаф медиханд, ба ин намуди К. гирифтор мешаванд. Хомилагии пай дар пай ва муддати дароз сина макондани кудакон низ ба инкишофи К. мусоидат мекунад. Гушт манбаи асосии охан буда, нарасидани он дар вояи хурок, хусусан дар гизои кудакон, сабаби К.-и онхо мегардад.
Аломатхои асосии К.-и оханнорасо чунинад: кам шудани гемоглобини хун дар холе, ки микдори эриротситхо андаке кам ё муътадил аст, вале хар як эриротсит гемоглобини нихоят кам дорад (К.-и гипохроми). Дар ин маврид нишондихандаи ранги хун паст мешавад. Бемороне, ки дар таркиби хунашон охан кам аст, рангпаридаанд, зуд хаста мешаванд, дард ва чархзании сарро хис карда, чашмонашон сиёхи мезанад, муяшон мерезад; нохунхояш мурд шуда, баъзан фуру бурдани хурок душвор мегардад; мехоханд бур, охак, хуроки тунду тез ва шур истеъмол намоянд.
Сабаби пайдоиши чунин зухурот асосан ба ихтилоли раванди таъмину истифодаи оксиген аз чониби бофтахои организм вобаста аст. Дар мавриди норасоии охан фаъолияти ферментхои нафаскаши, ки оксигенро аз узвхои нафасгири ба бофтахо мерасонанд, халал меёбад. Паридани ранги ру ва тез задани дил хангоми кори чисмони аломати К. аст.
Барои пешгири ва муолича К.- и оханнорасо саривакт ошкор ва бартараф кардани манбаи талафи хун ва мураттаб будани тагзия ахмияти калон дорад. Хангоми хомилаги ва синамакони истеъмоли хуроки сергизо (микдори гушт ба дарачаи кофи бошад) модар ва кудаки ширмакро аз инкишофи К. пешгири мекунад.
Муоличаи К. катъиян аз руи таъиноти духтур ва дар шароити амбулатория ба муддати тулони гузаронида мешавад. Аломатхои нахустини бехтар шудани ахволи бемор баъд аз 3 хафта аён мегарданд.
К.-е, ки ба нарасидани витамини В12 ё кислотаи фолиат (ниг. Витаминкохиш) вобаста аст, кам вомехурад. Ба чунин К., одатан, одамони солхурда, ки фаъолияти пардаи луобии меъдаашон вайрон шудааст, инчунин маризони гирифтори гелминтозхо, баъзан занони хомила дучор меоянд.
Аз нарасидани витамини В12 ё кислотаи фолиат дар хун микдори эритроситхо кам мешавад. Сухтани забон, исхол ва дар мавриди кухна шудани бемори иллати системаи асаб (ноустувори ва дудилагии рафтор ва г.) аломатхои хоси ин намуди К. мебошанд.
Барои пешгирии К.-е, ки аз нарасидани витамини В12 ё кислотаи фолиат пайдо мешавад, фавран ошкор ва муолича кардани иллати меъдаю руда (хусусан хангоми исхол) зарур аст. Дар махалхое, ки кирми тасмашакл пахн шудааст (ниг. Дифиллоботриоз), риояи коидахои бехдошт ва мурочиати саривакти ба духтурон ахамияти калон дорад.
К.-и аз нарасидани витамини В12 сарзадаро ба маслихат ва назорати духтур табобат бояд кард. Витамини В12 доруи пуртаъсир буда, баъзан ба он кислотаи фолиатро хамрох мекунанд.
К.-и гемолизие, ки сабаби он ихтилоли эритроситхо аст, намудхои гуногун дорад. Он модарзод ва гайримодарзод мешавад; бештар бо зард шудани пуст ва пардахои луоби зохир мегардад. Аз хамин сабаб баъзан ин намуди К.-ро ба беморихои чигар нисбат медиханд. Барои ташхиси аник ва муоличаи дурусти К. ба духтур мурочиат кардан зарур аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …