Главная / Илм / КАМАКЛИИ ПИРСОЛи

КАМАКЛИИ ПИРСОЛи

kamaklii-pirsoliКАМАКЛИИ ПИРСОЛи (Dementia senilis), як навъ бемории рухи, ки асосан дар кухансоли рух намуда, сабаби он атрофияи магзи сар аст. Дар мавриди К. п. фаъолияти рухи тадричан кохиш ёфта, то ба дарачаи беакли ва аз даст додани хислатхои шахси мерасад.
Хангоми К. п. ночурии асоси ихтилоли авчгиранда ва бебозгашти хотира аст. Аввал он ходисахое, ки дар солхои наздик ба вукуъ пайваста буданд, сипас тадричан хама гуна вокеахои дар тули умр аз сар гузаронда фаромуш мешаванд. Бемори бисёр вакт дар 65 – 75-солаги инкишоф меёбад. К. п. мукаррари ва бофта (хаёли) мешавад. Бемории Алтсгеймер низ мансуби К. п. аст.
Аломати аввалини К. п.-и мукаррари тагйир ёфтан ё аз даст додани хислатхои шахсии пешина мебошад. Баъзе беморон хислатхои нав пайдо мекунанд (мас., сарфакори ба хасиси, максадноки ба гарданшахию зуъми иваз мешавад), хол он ки хамзамон бо ин хислатхои дигар фаромуш мегарданд. Доираи манфиатхои мариз танг мешавад, у бештар ба хурду хурок эътибор дода, ба чисми худ гамхори мекунад, худбин, бетафовут ва нисбати дигарон бепарво мегардад. Чунин беморон хеле серчог ва нозуктабъ мешаванд, зуд меранчанд, нисбати наздикону хамсояхо гумони бад мекунанд, онхоро дузд мешуморанд.
Бо гузашти вакт ихтилоли хофиза хуруч ёфта, бемор дар кучо буданашро намедонад, номи зан, шавхар, кудаконро фаромуш мекунад, онхоро намешиносад, мас., духтарашро модараш гумон менамояд. Бисёр вакт чунин маризон дар даврахои чавони «сайр» мекунанд, гумон доранд, ки падару модарашон зиндаанд, дар мактаб мехонанд, ба шавхар баромаданианд ва г. Онхо рузона хоболуд буда, шаб баногох аз чой мехезанд, бугчаашонро гундошта деха назди волидонашон рафтан мехоханд. Бемори окибат бо маразм ва кахексия анчом мепазирад.
Бемории Алтсгеймер дар 40 – 45-солаги бо аломатхои амнезия, афазия, апраксия, аграфия ва аксалкулия падид меояд. Беморон тундмичоз, асабони ва кинагар мешаванд.
К. п. дар беморхонаи касалихои рухи муолича карда мешавад. Фарчоми маризи чидди аст.

Н. М. Шарофова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …