Главная / Гуногун / КАЛИЛА ВА ДИМНА (Китоб)

КАЛИЛА ВА ДИМНА (Китоб)

Адабиёти кухани форсу точик дар ганчинаи гаронбахои худ дурхое дорад, ки то ба имруз аз чониби ахли башар чун мучаллотарину олитарин дастоварди инсони хифзу пуштибони карда шуда, дар шохкулохи фарханги чахони сахт махкаманд. Дар ин макоми воло “Калила ва Димна”, ки аз огози пайдоиши худ то ин дам даст ба даст гашта, мавриди хонишу хифзу пажухиш карор гирифтааст, хамтои худро надорад ва халке нест, ки ло акал боре аз бархурдории худ бо он ифтихор накарда бошад. Ин аст, ки хатто бо вучуди эътирофи умуми уламову фузало хакикати “фарханг комгори халк асту шохкори (шедевр) марзу бум надорад” – дар мансубияти он ба халку кавму миллати худ то хол талошхо намуда, санадхо меоваранду баъзан ба ифрот хам расидаанд.

Тахкикотхоеро, ки то ба имруз ба майдон омадаанд метавон ба ду гурухи калон чудо кард: онхое, ки ба нусхахои араби мансубанду ононе, ки ба нусахи форси-точики. Вале, бо вучуди ин, бахси асоси хамоно перомуни сарчашмаи асоси, мусаннифии Барзуяи пизишку Ибни Мукаффаъ, дарачаи духули онон бар тартибу таркиби асли асар аст.

Мукоисаву мушохидахо нишон доданд, ки бахси мазкур ба интишори “Калила ва Димна”-и Ибни Мукаффаъ, аз суханони “ва хиндувон бар он асос гузоштанд” такя намуда, тавассути боби “Барзуя ва сафари у ба Хинд”, ки мутарчимии уро гуё ба исбот мерасонаду таквият меёбад, огоз мегирад.

Чуноне маълум гардид, аввалин нуктаи бахси дар ин асос нисбат ба асли “Калила ва Димна” дар асари Абурайхони Беруни “Китоб фи тахкики мо ли-л-Хинд” дида мешавад. Дар он муаллиф мушохидаву мутолиъахои бевоситаи хешро рочеъ ба урфу одат, таъриху маданияти хиндувон гирд оварда, минчумла аз хусуси “Панчатантра”, ки дар хоричи Хинд бо номи “Калила ва Димна” шухрат пайдо кардааст, изхори акида менамояд. ва ба хусус тадвини арабии Ибни Мукаффаъро бинобар вучуди бобхои фавказзикр ва санаду маводхои дигар чун “аз асл дур ва беэътимод”, яъне на “Панчатантра” мехисобад.

Пасон мутарчимону мухаккикон бар ин гуфтахо такя намуда, бо пардози тозае онро таквият додаанд. Тахкики чиддии асли пайдоиши “Калила ва Димна” бошад дар асри XIX бо интишори матни комили он аз тарафи барон Силвестер де Саси (Calila et Dimna ou Fables de Bidpai en arabe; precedees d’une memoire sur l’origine de ce livre et sur les diverses traductions qui ete faites dans l’Orient. Paris, 1816) сурат гирифт. Мурратиб дар тахкикоти худ, ки бар интишори матн зам гардидааст, рочеъ ба муносибати Барзуя ва Ибни Мукаффаъ ба “Калила ва Димна”, дарачаи таъсирашон бар матн, руйнавису баргардонихои минбаъда бахси доманадоре пеш оварда, ба хусус асоси хинди доштани асарро, ки дар тули куруни вусто аз чониби баъзе мухаккикину мутарчимин ба шубха гузошта мешуд, ба тасбит мерасонад.

Дар асоси тачмеъи хама нусахи “Калила ва Димна” соли 1897 В. Чайвин (Bibliographie des ouvrages arabes ou relatifs aux arabes publies dans l’Europe chretienne de 1810 a 1885. Liege) тахкики хешро пешкаш намуда, мувофики онон таърихи сайри асарро то ин давр равшан намуда, дар боби манбаъи асли бошад, хамоно гуфтахои Силвестер де Сасиро таквият медихад.

Матни интикоди ва таърихи мукаммали сайри таърихии “Калила ва Димна” соли 1905 аз тарафи Л. Шайхо (La version arabe de Kalilah et Dimnah d’apres le plus ancien Manuscrit arabe date. Beyrouth) нигошта шуда, тахлили хамачонибаи матнхои арабии вучуддоштаро ба сомон мерасонад. Муаллиф асосан ба тахкики матн пардохта, дар боби асли асар аз мухаккикони собика пайгири намуда, хидмати Барзуяву Ибни Мукаффаъро чун мутарчимони хушзавки боистеъдод ёд мекунад.

Натичаи ин хама пажухишхо бошад аз тарафи К. Брокелман (Enzyklopaedie des Islam, B. II.) чамъбаст гардидааст.

Хамчунин, дар паи тахкики манбаъу маол ва баъзе чанбахои хоси матнхои дастёфтаи  “Калила ва Димна” ва гардонишхову табъхои он ба беш аз 60 забон ва таблиги гояхои абадзиндаи асар хидматхои шоёни И. Чюди, А. Кристенсен, М. Рябинин, Т. Бенфи, Г. Ричер, Т. Нёлдеке, Э. Браун, И. Халави, И. Шлайфер, Б. Владимиртсов, И. Крачковский, Р. Шор, Ф. Габриэлли, Ахмад Закипошо, Ш.А. Табора, Г. Клинге, А. Аззом, Х. Язичи, А. Муниси, М. Сабри, А.М. Исмоъил, М. Гуфрони, Шакигапур, Х. Фохури, А. Кримский, В. Иванов, Е. Бертелс, Я. Рипка, И. Брагинский, Н. Чхеидзе, Х.А. Балох, А.В. Пайкова, И. Филштинский, Б. Шедфар ва дигаронро бояд зикр намуд.

Чизи дигар ва аз хама ачибаш ин аст, ки миллату фарханге, ки “Калила ва Димна” – ро ба чомеъаи башари пешкаш намуд, дар аксари холот, накши мунозирро бозида, то солхои наздик дар тасдики мансубияти худ бад-он сахмгузорие нанамуд. Дар ин хисоб танхо асари М. Махчуб “Дар бораи “Калила ва Димна”-ро метавон истисно донист, ки дар паи тахкики тарчумаи Ибни Мукаффаъ захматхои зиёди муаллифро нишон дода, бисёр нуктахои мансубии онро бар дигарон, ва хоса аъроб, ки асарро мояйи дастранчи тафаккури араби медонанд, хувайдо намудааст. Хамчунин, асари мазкур ду боберо, ки Насруллохи Мунши аз араби ба форси тарчума накарда буд, ба забони шевову мизони воло ва килки гиро дар бар мегирад.

Дигар аз уламои ин фарханг, ба чуз номбурда, А. Кариб, М. Минави, Маликушшуаро Бахор, С. Нафиси, Х. Котиби, З. Сафо, А. Мирзоев, Р. Шафак, Р. Ходизода, Х. Бехруз, А. Афсахзод, А. Алимардонов, У. Каримов, К. Чиллаев, С. Махдиев, М. Мухаммади ва дигарон бо он сару кор намуда, асосан, ба чуз ахбороти информасионии тахаввули, ба тахлили сабку услуб ва хусусиятхои жанрии баъзе тарчумахои форси, бештар тарчумахои Рудаки, Абулмаъоли, Хусайн Воъизи Кошифи ва Абулфазл ибни Муборак пардохта, маколахои чудогона ва ё маълумотномае дар рисолахои тахаккукии хеш пешкаш кардаанд.

Як навъ чамъбасти пажухиш перомуни муносибати асархои Абулмаъоли Насруллох ва Хусайн Воъизи Кошифи дар рисолаи номзадии М. Солехов, ки ташрехи хасоиси жанриву бадеъии ин ду тарчумаро дар бар мегирифт, тахти унвони “Пажухиши киёсии “Калила ва Димна”-и Абулмаъоли Насруллох ва “Анвори Сухайли”-и  Хусайн Воъизи Кошифи” оварда шуда буд, ки мутаассифона, то ба ин вакт руйи нашр наомада.

Пас чунин ба назар мерасад, ки тахкики дакики асолати “Калила ва Димна”, дарачаи таъсиру бархурдории он бо адабу фарханг ва урфу одоти Машрикзамин, таъйни амики услубу макосиди пешгирифтаи мусаннифу мутарчимон, мизони каробату буъди матнхои Ибни Мукаффаъу Насруллохи Мунши, боздошту тазйиди саноеъи охири дар баргардон, теъдоди ба имруз маълуми тарчумахо, сифоти маводи онон дар як рисола дида баромада шавад.

Аз ин хотир, бо истифода аз тавсиъаи имконоти истифодаи адабиёти гуногунпахлу ва хоса дар ин боб дастачамъии маводи мухталифи илмии хилофи хаму мубхам, моро во дошт, ки бори дигар бар таърихи тадвини вариантхои арабиву форси-точикии “Калила ва Димна” ворид шуда, фикри худро рочеъ ба онхо дар асоси асноди наву киёс арз намоем. Дар ридифи ин навихо метавон тарчумахои солхои охири “Махабхарата”-ву “Панчатантра”, бозёфти варианти сугдии “Се мохи”, тарчумаву тазйинхо ва содданависихову интишори вариантхои “Калила ва Димна” ва гайраро ёд кард, ки то ин замон ба якчояги фаро гирифта нашуда, тахкик нагардидаанд.

pdfБорбардор кардан (скачать) >>>> Барои комгори аз ин максади пешгузошта вочиб донистем корро дар пояйи тахкики шароиту авомили таърихи ва заминахои пайдо шудани асар дар адаби Ачаму Араб, асолати он, сабабу дарачаи пазирои ва гиромидошташ, мухтавиёти китоб, гаразхои вокеъиву тахайюлии мутадаввинон, мубохисоти олимон перомуни ину интиколи он (асар), шеваи нигоришу андозаи таъсири акшор дар тадвину тарчумаи асар, макому мартабаи “Калилаву Димна”-и Бахромшохи”, хадду худуди каробати ин тарчума, услуби мавриди истифода ва дарачаи пайгири аз анъанаи кабулшуда, завку махорати гардонанда, макому манзалати ин тарчума, гардиши чахонии “Калилаву Димна”, теъдоди тарчума аз нусхаи форсиву араби бо тазйидкорихои минбаъда анчом бидихем. Хамчунин, дар аснои кор таъкиди макому манзалат ва мероси адабии мусаннифон, бинобар парешони, амри маъруф дониста шуд.

Бояд таъкид кард, ки дар ин кор бори аввал дар адабиётшиносии точик мукоисаи сатрии “Калила ва Димна”-и Ибни Мукаффаъу Абулмаъоли Насруллох сурат мегирад, ки то чое ба пайрави аз мухаккини варзидаи форсу точик С. Нафиси (122), А. Мирзоев (56; 57) ва ховаршиноси гурчи Г. Алиев (31) дар муносибати абёти бокимондаи Устод Рудаки бо “Калила ва Димна”- и арабист.

Барои пешбурди кор ба вакти мукоисаву такя асосан аз табъхои шинохтаву писандидашудаи Форук Саъд (Бейрут, 1979) ва Мучтабойи Минави (Техрон, 1343) истифода карда шуд.

Хамчунин, ин чо таъкид кардан зарур аст, ки барои пешгирии яккатозии баъзе мухаккикини гайри эрони ва як навъ бегаразии тахкик ба вакти тасбити маншаъу манбити асар, бинобар зодаву парвардаи ин фарханг будан, аз далоили барон Силвестер де Саси аз андоза бештар истифода карда шуд, ки иллати маълум бояд бошад.

Дар интихои кор чадвали “Сайри таърихии “Калила ва Димна” аз ибтидо то ин дам оварда мешавад, ки собика надорад.

Борбардор кардан (скачать) >>>> 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …