Главная / Илм / КАКАВ

КАКАВ

kakaoКАКАВ (Theobroma cacаo), какао, растаниест хамешасабз. Баландиаш то 12 м, баргаш борик, байзашакл; гулаш сафеди гулоби, К. дар Америкаи Чануби ва Маркази худру аст. Онро дар бештари мамлакатхои тропики парвариш мекунанд. Тухми К. аз сабаби дар он мавчуд будани моддахои даббоги ва алкалоиди теобромин маззаи талх дорад. Барои бехтар шудани таъм онро ферментатсия мекунанд. Дар натича тухми К. буй ва таъми хуш пайдо менамояд. Баъд аз хушконидан, тоза ва ба хелхо чудо кардан, онро майда карда, барои кашидани равган ва шоколад истифода мебаранд. К. ашёи хурокии кимматбахо ба шумор меравад. Магзи он 4,4% об, 51 – 54% равган, 7 – 10% крахмал, 1 – 2% глюкоза ва фруктоза, 10 – 12% сафеда, 1 – 1,5% теобромин ва кофеин, 4 – 7% моддахои даббоги, 1 – 2% кислота ва 2 – 3% моддахои минерали дорад.
Аз К. нушокихои гарм ва хунук тахия мекунанд, онро ба ширинихо, кремхои канноди, шарбатхо ва г. илова кардан мумкин. Бо максади тайёр кардани К.-и гарм ба дегчаи сирдори майда 2 кошукчаи он ва шакар (мувофики табъ)-ро андохта, меомезанд, сипас каме шир илова карда, то нест шудани гурушахо лат мезананд. Хамзамон бо ин кам-кам шири гарм (такр. як истакон) меандозанд. К.-ро баъди чушиданаш аз руи оташ мегиранд.
Бино ба баъзе маълумот эпикатехини таркиби К. пайдоиши беморихои сактаи майна, сактаи дил, саратон ва диабетро пешгири мекунад. Олимон дар таркиби К. моддахоеро пайдо кардаанд, ки бахри рушди хучайрахои пуст ва шифо ёфтани захм заминаи мусоид фарохам меоранд. Гилофакхои К. ба микдори зиёд антиоксидантхо доранд, ки садди хуручи амрози дил мешаванд. К. савияи холестеринро дар хун паст мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …