КАЙ

kayКАЙ, истифрог, холати ногуворест, ки дар натичаи ангезиш ё иллати меъда, инчунин аз иллати диг. узвхои даруни, асабхои маркази ва канори ба вучуд меояд. К.-и гематогению захрогин ва К.-и занхои хомила низ вучуд дорад.
К. аксар вакт таассури мухофизию мутобикатии организм ба ангезиши луобпардаи меъда мебошад. Ангезиши луобпардаи меъда ба чисми бегонаи фурубурда, хуроки бадсифат, моддахои захрнок вобаста аст. К. барои аз моддахои зарарнок тоза шудани организм ёри мерасонад. Хангоми беморихои гуногуни меъда (мас., решмарази меъда, гастрит), одатан, пеш аз К. дилбехузури руй медихад. Бемор дар ин маврид баъди К. сабуки хис мекунад. Дар аснои иллати дил, талхадон, кирмруда, гурда ва диг. узвхо дар натичаи таъсири рефлекси ба меъда мумкин аст К. руй дихад.
К. эхтимол аломати бемории магзи сар ва пардаи он (менингоэнсефалит, омос ва иллати магзи сар), ихтилоли гардиши хун дар магзи сар бошад. К. баъзан дар натичаи ихтилоли эхсос ва дидани хун, моддаи кай ё аз таъсири нофорами баъзе таомхо ба вучуд меояд. К.-и давраи хамл бештар аломати токсикозхои хомилагон аст.
Дар аснои К. ба беморон, махсусан ба беморони вазнин ва бехуш нигохубин зарур аст, чунки дар ин маврид моддаи кай мумкин аст ба рохи нафас даромада, боиси нафастанги, газаки шуш ва диг. иллатхо гардад. Хангоми К. беморро мешинонанд ё ба пахлу хобонда, сарашро хам мекунанд. Агар у дароз кашида бошад, ба поён мехобонанд. Баъди К. дахони беморро чайконда, бо пахтаи тар пок мекунанд. Агар моддаи кай хунолуд бошад, ба руи шикам халтаи ях гузошта, уро чунбидан намемонанд ва фавран духтурро чег мезананд. Агар сабаби К. номаълум бошад, то омадани духтур моддаи кайро нигох медоранд, чунки намуд, мавчудияти омехтахо ва г. барои муайян кардани сабаби К. ёри мерасонад.
Муоличаи К. ба рафъи сабаби он нигаронда мешавад. Хангоми захролуди меъдаро мешуянд. Дар мавриди баъзе беморихо, мас., омос, стенози меъда, печидагии руда аз амалиёти чаррохи истифода мебаранд. Агар К. зуд-зуд ва бардавом рух намояд, пас аз дорухои кайнишон (метоклопрамил, тиэтилперазин) ва пархези махсус истифода бурда мешавад. К.-еро, ки сабаби он гастрит аст, бо анестезин, белластезин, повестезин, викалин, алмагел табобат мекунанд.
К. дар кудакон нисбат ба калонсолон бештар ба мушохида мерасад. Кабл аз К. мумкин аст дилбехузури рух дихад, ки аломатхои он бекарори, аз дахон баровардани забон, рафтани оби дахон, сурх шудани руй ё баръакс, паридани ранги руй мебошанд.
К. дар кудакон аз гардондани гизо ва руминатсия фарк дорад (ниг. Кайи ширхора). Руминатсия («нушхор» ё «кафша») борхо оруг зада баровардан ва «хоида» такроран фуру бурдани гизо аст. Асосан дар кудакони синамак баъди 4-мохаги ва бармахал чудо кардан аз сина огоз ёфта, то 3-солаги давом мекунад. Руминатсия такрибан баъди 30 дак. истеъмоли гизо ба вучуд омада, ба кудак кайфият мебахшад, у бо шавк ангушт мемакад ё забонашро дар дахон мисли нова тоб медихад.
К.-и босубот дар давраи навзоди аломати асосии нукси инкишофи рохи меъдаю рудахо мебошад. Кай кардани гизои хазмнашуда далели баста будани рохи болои аъзои хозима аст (мас., атрезия, ахалазия, стеноз, дивертикули сурхруда, кардиоспазм ва г.). Турш будани мухтавои К., ки шири бурида ва луоб дорад (бидуни омехтаи талха), нишонаи дар меъда таъхир кардани гизо аст. Омехта бо талха омадани К. дар рузхои аввали хаёт аломати ногузароии модарзоди руда мебошад. Дар мавриди он сари дил варам мекунад (баъди кай варам нест мешавад). агар ногузароии руда поёнтар чой гирифта бошад, шикам дамиш ва кабзият мекунад, К. бадбуй аст.
Хангоми К.-и кудакон дархол ба духтур мурочиат бояд кард. Факат муоинаи тибби ба ошкор сохтани сабаби он ва таъин намудани табобати зарури ёри мерасонад.
К.-и хунолуд (гематемезис) аломати хуншори аз кисми болои рохи меъдаю рудахо аст. Сабаби К.-и хунолуд бисёр вакт хуншори аз захми меъда, варидхои сурхруда, омос ё полипхои меъда мебошад. Хамчунин К.-и хунолуд метавонад дар мавриди захми рудаи дувоздахангушта, захми меъда, эрозияи сурхруда ва диг. беморихо низ рух намояд.
Ранги мухтавои меъда хангоми К.-и хунолуд ба мухлати дар меъда бозистодани хун вобаста аст. Агар хун дар меъда кам истода ё бо кислотаи хлорид омехта нашуда бошад, пас мухтавои он чандон тагйир намеёбад. Хангоми дар меъда бисёр истодани хун зери таъсири кислотаи хлориди шираи меъда гематин хосил мешавад, ки ранги мухтавои К.-ро чигари мегардонад.
Дар аснои рух намудани хама гуна шаклхои К.-и хунолуд бетаъхир ба духтур мурочиат кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …