Главная / Илм / КАЙИ ШИРХОРА

КАЙИ ШИРХОРА

kayi-shirkhoraКАЙИ ШИРХОРА, холатест, ки дар моххои аввали хаёти кудак, одатан, дархол баъди синамакони, баъзан 2 – 3 соат баъд аз он мушохида мешавад.
К. ш.-ро аз кай фарк бояд кард. Дар аснои К. ш. ахволи кудак тагйир намеёбад, у ором ва хушхол аст. К. ш. номаълум мегузарад, дар ин маврид кудак гуё ширро аз дахон ихроч мекунад. Шири ихрочшуда бар хилофи моддаи кай ранги зард ё буи нофорам надорад.
Сабаби К.ш. барзиёд макондани кудакон аст. Агар кудак синаро бисёр макад, пас бо духтур маслихат карда, уро кам шир медиханд ё фосилаи байни синамакониро дароз мекунанд. Дар мавриди макондан хаворо фуру бардани кудакон низ боиси кай мешавад (ниг. Аэрофагия). Чунин холат дар кудаконе, ки зуд ва харисона сина мемаканд, инчунин дар аснои зиёд будани микдори шири модар руй медихад. Дар ин сурат барои пешгирии кай кудакро баъди синамакони дархол ба кат намехобонанд, зеро хавои фурубурда ширро берун мекунад. Баъди макондан кудакро каме рост доштан лозим аст. Дар ин вазъ у оруг медихад ва андаке шир кай мекунад. Пас аз ин кудакро ба кат якпахлу мехобонанд; уро баъди макондан дархол парпеч набояд кард.
Гох-гох шир кай кардани кудак зиён надорад. Вале агар он зуд-зуд рух намояд, инро аломати бемори бояд донист.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

magniti-chashm

МАГНИТИ ЧАШМ

МАГНИТИ ЧАШМ, асбоби махсус, ки дар амалияи офталмологи барои аз гузаи чашм ва бофтахои он …