Главная / Илм / КАЖДУМ

КАЖДУМ

kajdimКАЖДУМ (Scorpionida), як гурухи хайвонхои бемухра аз синфи тортанакшаклхо. Дарозии танашон 1 – 18 см буда, ба сарсина ва бандхои шиками чудо мешавад. Банди охири шикам ду гадуди захрнок дошта, бо неши чангакмонанд хотима меёбад. К.-хо 4 чуфт пой, 3 – 6 чуфт чашм ва чанголи калони нихоят хассос доранд. Рангашон зардчатоб ё сиёх. Тарзи хаёти шабона мегузаронанд. Гизои К. хашарот ва тортанакхост. К.-хо чонварони зиндазоянд. Дар рузхои аввали баъди таваллуд каждумчахо ба модарашон савор мешаванд. Дар Точикистон 10 намуди К. вомехурад. Дар чумхури бештар К.-и зард (Buthus cupeus), ки бахорон ва авв. тобистон фаъол буда, бо огози гармо то бахори оянда ба хоб меравад, пахн шудааст. Неш задани он барои одам дарднок буда, аммо марговар (чун намудхои тропики) нест.
Таъсири захри К. ба микдори он, чои нешзада ва синну соли одам вобаста аст. Чои нешзадаи К. сахт дард ва обила мекунад. Баъди як соати неш задан, чои он сурх мешавад, пас аз ду соат варам карда лимфангоит инкишоф меёбад; дард дилзананда аст. Сар дард карда, одам дар хаячон аст, мушакхои дасту по меларзанд; баъд чабрдида сусту бехолат шуда, мешинад ё дароз мекашад. Мумкин аст акл тира шуда, тарси марг ба вучуд ояд, нафаскаши душвор, кори дил тез мегардад.
Ба чои нешзадаи К. зуд ягон чизи гарм гузоштан лозим аст. Бо максади рафъи дард дорухои амидопирин ё аналгин таъин мекунанд. Ба чои нешзадаи К. фиристодани махлули 2%-и новокаин муфид аст. Дар мавриди захролудии сахт аз серотерапия истифода менамоянд. Агар зардоби махсус набошад, пас метавон аз зардоби зидди захри гунда ва хатто мор истифода бурд. Зардоби зидди захри гунда (10 – 70 мл)-ро охиста ба зери пуст, дохили мушак ё вена (вобаста ба дарачаи вазнинии захролуди) мефиристанд. Истифодаи якчояи атропин (ба зери пуст; 1 мл махлули 0,1%) ва эрготоксин (1 мл махлули 0,02%) низ натичаи дилхох медихад. Сузондан, ба чои нешзадаи К. молидани спирти навшодир, гузоштани жгут, зимоди маргансоф бесамар аст.
Ад.: Жизнь животных, т. 3, М., 1969; Догель В. А., Зоология беспозвоночных, М., 1975.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …