Главная / Илм / КАФИДАГИИ ПИСТОН

КАФИДАГИИ ПИСТОН

kafidani-pistonКАФИДАГИИ ПИСТОН, як навъ иллати пистон, ки дар рузу моххои аввали сина макондан ба вучуд меояд. Дар байни омилхое, ки мучиби К. п. мешаванд, хусусиятхои пистонхо, зуд озурда шудани пуст, суст будани ангезиши асаби мушакхои пистон ва риоя накардани коидахои бехдошт макоми асоси доранд. Чойхои кафидаи пистон метавонанд сершумор ва чукур бошанд, хуншор шаванд. Хангоми К. п. дард ба вучуд меояд. Он дар вакти сина макондан шиддат ёфта, модар мачбур мешавад пистонро аз дахони тифл гирад. Дар сурати бардавом будани ин холат шири сина мегурезад. Бисёр вакт бинобар ба К. п. рох ёфтани микробхо бемории мастит (синадард) рух менамояд. Хангоми хурд будани чойхои кафида ба синамакони идома дода, аз давохои сузонанда – спирт, танин, перманганати калий, махлули сабзи бриллианти ва г. истифода бурдан лозим аст. Дар сурати хушк будани пистонхо онхоро баъди хар синамакони шуста, вазелин, ланолин, равгани мохи, мархами 5%-и метилурасил молидан лозим аст (мархамро ба болои дока гирифта ба руи пистон мегузоранд). Барои муоличаи К. п. аз афканишоти ултрабунафш, аэроионотерапия, дарсонвализатсия, эмулсияю мархамхои антибиотики истифода мебаранд.
Бо максади пешгирии К. п. синаро бо оби гарм ва хунук бе собун шуста, бо ягон матои дурушт охиста пок кардан лозим аст. Синабандак бояд аз матои пахтаги ё канаби бошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …