Главная / Илм / КАФИДАГИИ МАКЪАД

КАФИДАГИИ МАКЪАД

kafidani-makadКАФИДАГИИ МАКЪАД, бемориест, ки бо нукси луобпардаи макъад падид омада, бо дард ва хуншори чараён мегирад. Сабаби К. м. бо душвори казои хочат кардан, таваллуди вазнин ва диг. омилхо мебошанд. Ба пайдоиши К. м. илтихоби луобпардаи рудаи рост ва макъад (проктит, криптит, папиллит) ва бавосир мусоидат менамоянд.
Хангоми К. м. дард бардавом (то 5 – 6 соат) буда, дар вакти казои хочат ва баъди он хуруч меёбад. Чараёни К. м. шадид ва музмин аст. Дар аснои шадид будани маризи дард бошиддат буда, бемор мачбур мешавад казои хочатро катъ кунад. Дар натича начосат ба луобпарда фишор оварда, онро беш аз пеш озурда менамояд. Агар дар вакти шадид будани бемори дард хангоми казои хочат пайдо шавад, пас дар аснои музмин гаштани он дард, одатан, баъди казои хочат ба вучуд меояд.
Дар мавриди К. м. тадкики ректалиро бояд эхтиёткорона гузаронд. Кабл аз тадкик ба ангушт мархами карахтсозанда мемоланд. Ректоскопия факат баъди ба чои кафида фиристодани 4 – 5 мл махлули 1%-аи новокаин чоиз аст.
Бемории шадидро бо дору, пархези катъи, давохои дарунрон, истеъмоли равган (вазелин, равгани офтобпараст, ангат, мохи), микроклизмахо, обзанхои гарм бо махлули сусти перманганати калий (баъди казои хочат) муолича мекунанд. Хангоми натичаи дилхох надодани ин хама ва чараёни музмин касб кардани бемори аз инхисори спирту новокаини истифода мекунанд ё ба чои кафида махлули равган (равгани шафтолу), дорухои рафъи дарди таъсирашон бардавом, хамчунин фенол, спирт равон месозанд. Агар ин хама бесамар анчом ёбад, пас ба чаррохи даст мезананд.
Фарчоми бемори хуб аст. Барои пешгири кардани К. м. ба кабзияти шикам рох додан лозим нест. Хамчунин беморихои кулун ва рудаи рост бояд саривакт муолича карда шаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …