Главная / Илм / КАФАСИ СИНА

КАФАСИ СИНА

kafasi-sinaКАФАСИ СИНА (Thorax, pectus), сандуки сина, як кисми скелет. К.с. аз бахши синагии сутунмухра, 12 чуфт кабурга ва устухони туш (сарсина) иборат аст. К. с. шакли конуси сарбуридаро дошта, аз болою поён сурох мебошад. Вобаста ба чинс, синну сол ва чусса шакли К. с. низ тагйир меёбад. К. с.-и мардхо конусшакл, К. с.-и занхо силиндршакл аст.
Чавфи синаро аз поён диафрагма аз чавфи шикам чудо мекунад. Чавфи сина гуфта фазоеро меноманд, ки бо девораи сина ва диафрагма ихота шудааст. Дар он миёнадевор бо рагхои хун, асабхо, сурхруда ва хирной, перикард бо дил ва ду халтаи плевра бо шушхо чой гирифтаанд. Ба К.с. мушакхои бозу ва тахтапушт, нафаскаши ва сина пайваст шудаанд.
Дар К. с.осебу беморихои гуногун ба мушохида мерасанд. Яке аз осебхои маъмули К. с. деформатсияи он аст. Деформатсия модарзоди ва гайримодарзоди мешавад. Деформатсияи гайримодарзоди нисбатан бештар дучор меояд. Сабаби он сколиоз, рахит, сили устухон, беморихои римноки шуш ва плевра мебошанд. Баъзан К. с. ба дарачае деформатсия мешавад, ки фаъолияти узвхои нафаскаши ва гардиши хун тагйир меёбад.
К. с.-и бисёр одамон пахн аст. Он факат нукси андаки кометики махсуб мешавад. К.с.-и кифшакл нукси модарзоди буда, ар хар синну сол ба мушохида мерасад. К. с.-и «мургмонанд» бештар хангоми кифоз дучор меояд (сарсина часта берун мебарояд). К. с.-и бочкашакл бар асари бемории эмфиземаи шуш пайдо мешавад.
Дар К. с. мумкин аст осебхои кушода ва пушида ба вучуд оянд. Осебхои пушидаи К. с. лату фишор хурдани онро дарбар мегиранд. Дар натичаи осебхои К. с. мумкин аст кабурга, сарсина ва мухрахо шикананд, узвхои даруни сахт зарар бинанд (мас., даридани плевра, кафидани шуш, диафрагма ва г.). Аломатхои болинии осеби пушидаи сина пайдо шудани дард, ихтилоли нафаскаши ва фаъолияти дил мебошанд. Бисёр вакт шоки садамави низ рух менамояд.
Захми К. с. мумкин аст шикофанда ва сатхи бошад. Дар аснои захми шикофанда дил, рагхои хунгард, шуш, хекиртак, бронххо, сурхруда ва диг. узвхо низ осеб меёбанд. Дар мавриди захм бардоштан ва осебхои К. с. аз рагхо хун шорида, дар чавфи плевра чамъ мегардад. Дар натича гемоторакс ба вучуд меояд. Хангоми ба чавфи плевра рох ёфтани хаво бошад, мучиби пневмоторакс мешавад.
Беморихои римноку илтихоби метавонанд хам дар узвхои чавфи сина (думбал, плеврит, перикардит) ва хам дар тамоми кабатхои девораи сина инкишоф ёбанд. Хусусан остеомиелит, сил ва актиномикози кабургахою сарсина вазнин мебошанд. Дар К. с. хамчунин имкон дорад омосхои гуногуни гайрисаратони (лимфангиома, липома, рабдомиома) ва саратони (меланомаи пуст, саркома, синовиома) ташаккул ёбанд.
КЛ
Кафаси сина; намуд аз пеш: 1 – сурохи болои кафаси сина; 2 – кунчи тахтичаноги; 3 – сурохи поёни кафаси сина.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …