Главная / Илм / КАДУ КОМАТ

КАДУ КОМАТ

kadu-komatКАДУ КОМАТ, вазъи мукаррарии чуссаи одам дар холати ороми ва хангоми харакат; аз давраи кудаки дар рафти сабзишу инкишоф ва тарбия ташаккул меёбад. К. к.-и дуруст пайкари одамро зебо мегардонад, ба фаъолияти муътадили узвхои харакат ва тамоми организм мусоидат мекунад.
Агар К. к. дуруст бошад, хамии табиии сутунмухра муътадил буда, шонахо мутаносиб чойгир мешаванд; китфхо баробар ва андаке рост, шикам хурд, пойхо рост, равоки панчаи по боэътидол, мушакхо кави, рохрави зебо мегардад. Хангоми нодуруст будани К. к., махсусан дар давраи сабзиш, устухонбанди иллат пайдо мекунад, кори узвхои нафаскаши, гардиши хун, хозима, пешоброни бад шуда, фаъолияти асаб ва чихози тахрика халал меёбад, дарди сар, хастаги, камиштихои ба вучуд меоянд.
Комати хамида, андоми заиф ва сутунмухраи кач – аломати К. к.-и нодурустанд. Хангоми комати хамидае, ки бинобар инкишофи сусти мушакхои тахтапушт ба вучуд меояд, сутунмухраи кафаси сина часта мебарояд; сар ба пеш хамида, сандуки сина танг, китфхо ба хам наздик, шикам калон мегардад.
Беморихои гуногун, хусусан рахит, гипотрофия, фарбехи, амрози сирояти, сапалпои, тагзияи номукаммал, мебели нодуруст интихобшуда, нодуруст бардоштани партфел ва г. боиси халал ёфтани сабзиши К. к.-и бачагон мешаванд.
Пешгирии иллати К. к.-и носоз нисбат ба ислохи он хеле осон аст. Бинобар ин волидону хешу табор, кормандони муассисахои томактаби ва мактаби бояд аз паи ташаккули дурусти К. к.-и бачагон бошанд. Тагзияи бамаврид ва хушсифат, хавои тоза, масх ва варзиш, андешидани тадбирхое, ки организмро обутоб медиханд, мувофики К. к. интихоб намудани мебел ахамияти калон дорад. Набояд барои дар чогахи бисёр нарм ва доимо ба як пахлу хобонидани бачагон рох дод. Дар моххои аввали хаёт ба зери сари тифл болишт намегузоранд. То 6-мохаги кудакро шинондан, то 9-мохаги ба пояш рост мондан мумкин нест. Кудак, одатан, аз 6-мохаги гайри ихтиёр мешинад, аз 9-мохаги рост меистад. Бо истифода аз асбобхои махсус ба кудак рохгардиро омухтан лозим аст. Бояд аз паи он шуд, ки кудак дуру дароз диккак, ба зонуи одами калонсол, ба сари миз нашинад. Дар мавриди машгулият ва истеъмоли гизо ба дуруст нишастани кудак эътибор додан лозим. Бахри пешгирии инкишофи нодурусти К. к. рафъи сапалпои зарур аст. Зеро пахн шудани кафи по ба фаъолияти он таъсири номусоид мерасонад, устухонбандии кос ва сутунмухраро тагйир медихад. Хаёти кудак бояд хам машгулиятхои серхаракат ва хам камхаракатро дарбар гирад. Ба устувор гаштани мушакхои у диккати калон бояд дод. Аз синни 1,5 – 2- мохаги масх кардан хеле мухим аст. Ба машкхои кату рост кардани дасту по аз 3 – 4-мохаги, вакте ки таранчиши физиологии мушакхои каткунанда ва мушакхои росткунандаи даст як хел мешаванд, шуруъ менамоянд. Бо кудакони 3-сола ва калон машкхои гимнастики, бозихои серхаракат, варзиши пагохи мегузаронанд, сайру гашт мекунанд. Хангоми бозихои серхаракат сарулибос бояд васеъ бошад, ба харакат халал нарасонад. Кори чисмониро аз руи меъёр ва пайваста бо истирохат ичро мекунанд. Хонае, ки дар он бачагон машгулият доранд, бояд равшан бошад. Дар мавриди нагз равшан набудани хона онхо коматро хам карда, нодуруст мешинанд. Тадбирхои обутоби организм ба ташаккули дурусти К. к. мусоидат мекунанд. Хангоми хамидакомат будан бо шиновари машгул шудан муфид аст. Хоби кофи, ки ба асабу мушакхо фарогат бахшида, гаронии сутунмухра ва банду бугумхои бачаро бартараф мекунад, ахамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …