Главная / Илм / КАДКАШАК

КАДКАШАК

kadkashakКАДКАШАК (Regio inguinalis), каши рон; аз боло бо хатти пайванди нуги устухонхои тихигох, аз поён – бо чини кадкашак, аз дарун – бо канори берунии мушаки рости шикам хамхудуд аст. Пуcти К. тунук буда, дар мавзеи рон чини кадкашакро ба вучуд меорад. Дар К. артерия, венахо ва гуддахои лимфавии фавки шикам чой гирифтаанд. Канори поёни апоневрози мушаки качи берунии шикам бандаки К.-ро ташкил медихад. Дар зери апоневрози мушаки номбурда мушакхои качи даруни ва кундаланги шикам, ниёми арзи, насчи зери шикампарда ва сифок чойгир мебошанд. Дар байни мушакхои шикам ва ниёми арзии девораи пеши шикам канали К. вокеъ гаштааст, ки дар мардхо танобакхои манидон, дар занхо бандаки гирдаи бачадонро дарбар мегирад. Аз насчи зерисифокии К. артерияхо ва венахои поёнии амики фавки шикам мегузаранд.
Дар К. метавонад чурра, пучак, хафтпуст, лимфаденит ва диг. иллатхо ба вучуд оянд. Дар гуддахои лимфавии К. хангоми омосхои саратонии аъзои таносул метастазахо ба мушохида мерасанд.
КЛ
Канали кадкашак ва мушакхои шикам:
1 – лавхачаи акиби ниёми мушаки рости шикам; 2 – хати камоншакл; 3 – мушакпардаи арзи; 4 – мушаки рости шикам; 5 – мушаки ахромшакл; 6 – халкаи амики кадкашак; 7 – халкаи сатхии кадкашак; 8 – танобаки мани; 9 – мушаки бардорандаи хоя; 10 – апоневрози мушаки качи берунии шикам; 11 – мушаки качи берунии шикам; 12 – мушаки качи дарунии шикам; 13 – мушаки арзии шикам.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …