Главная / Илм / КАЧГАРДАНи

КАЧГАРДАНи

kachgardaniКАЧГАРДАНи (Tortucollis), гарданкачи, вазъи нодурусти сарро гуянд, ки дар натичаи яктарафа таранг шудани мушакхо ва бофтахои нарми бадан ба вучуд меояд. Иллати кисми гардани сутунмухра низ метавонад боиси К. шавад. К. бештар модарзоди (аз инкишофи нодурусти чанин) аст. Он инчунин хангоми таваллуди душвор бинобар осеб дидани бофтахои нарми гардани кудак ё дар хар синну сол аз осори сухтаги, захм, газаки бофтахои гардан ба вучуд меояд.
Аломати асоии К.-и модарзоди ба тарафи мушаки осебдида хам гаштани сар ва ба китфи хамон чониб наздик будани пушти он аст; дар ин маврид манах андак ба боло майл дошта ба тарафи мукобил тоб мехурад. Харакати сари кудаки качгардан махдуд бошад хам, дардовар нест. Пусти тарафи осебдидаи гарданро палмосида, дунгичаи сахти мушаки кашишхурдаро пай бурдан мумкин аст. Дар сурати К.-и модарзод ба ин ё он тараф хамидани сари кудак аз рузхои аввали хаёт маълум мешавад. Агар чунин К. сари вакт табобат карда нашавад, пас кач шудани кисми гардании сутунмухра низ аз эхтимол дур нест.
Сари аксар тифли навзод дароз буда, гуё пахлухояш фишорхурда бошанд. Вале он минбаъд тагйир меёбад. Бо вучуди ин чунин кудак доимо сарашро ба тарафе гардонда хоб меравад. Ин холат боиси пайдоиши К. шуданаш мумкин аст. Барои кач нашудани гардан ба таги сари кудак халкаболишти пахтагин гузоштан лозим. Муоличаи дуруст ва барвакти натичаи дилхох меорад. Модар баробари дар кудак номутаносибии хурдеро пай бурдан, бояд фавран ба духтур мурочиат намояд. Табобати К.-ро аз думохагии кудак сар мекунанд (агар иллатро сари вакт ошкор намоянд). Ба модар коидахои илочи К. (варзиши шифои ва масхи гардан)-ро меомузанд.
Варзиши шифоиро чунин мегузаронанд. Хангоми К.-и тарафи рост ба манахи кудак дасти рост ва ба пушти сар дасти чапро (дар аснои К.-и тарафи чап, баръакс) гузошта, манахро ба чониби мушаки тарангшуда моил ва сарро ба тарафи дигар (мукобили деформатсия) хам мекунанд. Ин машкхоро нафис ва сабук ичро карда, сари кудакро дар холати дастдода чанд сония (хатталимкон дертар) нигох медоранд. Кудак бояд дард хис накунад. Чунин машкро рузе 4 – 5 маротиба (дар муддати 10 дак.) гузаронидан лозим. Баъди хар як сеанс сари кудакро ба холати дастдодаи пешина меоранд. Аввалин машкхоро модар дар хузури духтур ичро мекунад. Баъди ба охир расидани сеанси варзиши шифои тарафи иллатёфтаи гарданро бо ангушти калон нарм – нарм ва тарафи мукобилро сахттар масх бояд кард. Ин амалиётро то пурра бартараф шудани деформатсия ва хатто баъди шифо ёфтани кудак хам чанд мох давом медиханд.
Дар ин давра сари кудакро вакти хоб ба тарафи беиллат гардондан лозим. уро бояд тавре хобонид, ки баъди гарданашро тоб додан, одамони дар хона бударо дида тавонад; ба мукобили тарафи иллатнок бозичахои назарфиреб меовезанд. Баъзе кудакони качгарданро чаррохи кардан зарур аст. Баъди чаррохи падару модар зери назорати духтур масх ва варзиши шифоиро давом медиханд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …