Главная / Илм / КАЧАКГУЛ

КАЧАКГУЛ

kachakgulКАЧАКГУЛ (Scutellaria hissarica), кулохгули хисори, гиёхест бисёрсола. Аз 30 то 50 см кад мекашад. Пояаш борик, кисми болояш сершохча. Баргаш думчадори байзашакл ё сегуша. Гулаш сурхи баланд. Май – июн гул карда, мевааш авг. – сент. мепазад. Дар минтакаи бешаи дарахтони пахнбарг, шахсор ва нишебихои серсангу шагали к-кухи Хисору дарвоз (дар баландии 1100 – 1700 м аз с.б.) меруяд. Бино ба маълумоти сокинони дехахои Харангон ва Гажни нох. Варзоб гули К.-ро чой карда хангоми хунравии бини, зуком ва нуксонхои меъдаву руда менушанд. Барои табобати тарбоди шадид, сурфакабутак, дилзани, бехоби ва саръ давои хуб мехисобанд. Онро ба сифати давои нерубахш, зидди ташаннуч ва табшикан низ тавсия медиханд.
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …